Истироҳат бар ивази музаффарият

Ҳамасола истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов садҳо кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифта, барои хушу хотирмон гузаронидани таътили зимистонаву тобистона мусоидат менамояд.

Имрӯзҳо теъдоди беш аз дусаднафараи кӯдакону наврасони шаҳру навоҳии вилоят бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол дар фазои орому осоишта таътили зимистонаро хотирмон мегузаронанд. Тавре аз суҳбат бо директори истироҳатгоҳ Бахтиёр Ашӯрматов бармеояд, дар ин макони ободу зебо 200 нафар, аз ҷумла 110 нафар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 90 нафари дигар тариқи роҳхат аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи шаҳру навоҳӣ бо истироҳату фароғат фарогир гаштаанд.

- Алҳол навбати дуввуми истироҳату фароғат ҷараён дошта, он то 22-юми январ идома хоҳад ёфт. Шуруъ аз 23-юми январ давраи сеюм оғоз мегардад. Аксари кӯдакону наврасон, ки бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд, нафаронеанд, ки лаёқатманд ҳастанду дар ҷодае ба муваффақият ноил гаштаанд ва ё дар давраҳои гуногуни озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ғолиб омада, шаъну шарафи муаллимону волидон ва дабистони хешро муаррифӣ намудаанд. Ҳамчунин, 50 нафар кӯдаки бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат аз мадди назар дур намондаанду аз имкониятҳои мавҷуда дар басти навбатӣ бархурдор хоҳанд шуд, - иброз дошт сарвари истироҳатгоҳ.

Ҳарчанд фасли зимистон ҳукмрон ва дар берун ҳаво сард аст, суҳбати истироҳаткунандагон бо сармураббӣ Эмомалӣ Бобоев гарм метасфид. Мавсуф дар бораи реҷаи якрӯзаашон ҳарф мезаду талаботи истироҳатгоҳро ба бачаҳо мефаҳмонид ва дар ҷавоб чеҳраи ҳар яки онҳоро пуртабассум медид. Эҳсоси шодмониву хурсандии бачаҳоро баъди суҳбат бо онҳо амиқтар дарк кардем.

- Баъди машғул шудан бо варзиши пагоҳирӯзиву тановул кардани субҳона мо ба маҳфилҳое, ки шавқмандиамон ба он зиёд аст, меравем ва аз мураббиёни меҳрубону ғамхор сабақ меомӯзем. Ман, ки бештар варзишро дӯст медорам, аз мураббии ин маҳфил Фурӯзон Қурбонализода нозукиҳои онро меомӯзам. Аллакай маротибаи дуюм аст, ки мо ҳамроҳи дастаҳои дигар дар бозии футбол ғолиб омадем. Дар тенниси рӯи миз бошад, ҳаммусобиқаҳо ғолибиятро ба даст оварданд,- гуфт Идрис Сатторов аз шаҳри Хуҷанд.

- Ман Мафтуна Гадоева, хонандаи синфи шашуми шаҳри Истаравшан ҳастам. Хурсандиам ҳадду канор надорад, зеро бори нахуст аст, ки истироҳат кардан дар ин макони фароғатӣ насибам гашт. Аввалан, дугонаҳои зиёд пайдо кардам, ки дар оянда низ бо онҳо риштаи дӯстиамонро давом хоҳем дод. Дар ин ҷо бештар мавҷуд будани маҳфили бофандагӣ маро хурсанд кард, зеро ба ин ҳунар шавқи беандоза дорам. Аз роҳбари маҳфил Фарангис Ҳакимова миннатдорам, ки ба ман бофтани нимтана, чойникпӯшак, гулҳои зеборо омӯзониданд.

- Ҳарчанд ҷиҳати иштирок дар озмунҳои байналхалқӣ дар бисёр кишварҳои хориҷа будам, аммо табиати афсонавии кишвари худ маро бори дигар мафтун гардонид. Дар озмуни байналмилалӣ аз фанни алгебра ғолиб гардида, парчамбардори кишвари азизи худ гаштам. Ин аст, ки имрӯз дар истироҳатгоҳ қарор дорам. Маҳфилҳои рассомию компютерӣ, баргузории шабҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ ба ман писанд омад. Ҳамчунин, тамошои филмҳои тарбиявӣ барои мо - ҷавонон мададрасон аст, - бо хушнудӣ изҳор дошт Раҳматулло Шарифов, хонандаи синфи ҳафтуми Литсейи №5-и шаҳри Исфара.

Рухсораи Ҷавоҳир, ки ғолиби олимпиадаи вилоятӣ аз фанни биология мебошад, андешаҳояшро чунин баён дошт: - Давоми чанд рӯзи дар истироҳатгоҳ қарор доштанам, шомили маҳфилҳои рассомиву дӯзандагӣ, кешбофию компютерӣ гардида, дониши худро баланд бардоштам. Дар баробари ин гузаронидани озмунҳои байтбаракхонӣ, шеърхонию иншои беҳтарин барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва рушду такмили истеъдодҳои нав мусоидат намуд.

Мураббиёни хушзавқ Парвиз Олимов, Фарангис Ҳакимова, Шаҳноза Муродова, Шаҳром Шарифов, Фаридун Хушвақтов, кормандони ошхона Алихон Умаров, Дилфуза Файзуллоева, Барчиной Эгамова ҳамарӯза кӯшиш бар он доранд, ки таътили мактабиён хуш гузараду бо таассуроти нек ба хонадонаашон баргарданд.

Ҳамчунин, истироҳаткунандагон аз Дилдора Раззоқова-роҳбари маҳфили расмкашӣ, Маҳина Раҳмонбердиева - роҳбари утоқи комютерӣ ва китобдор Маърифат Казакова сабақи маърифат меомӯзанду барои ғанӣ гардонидани дониш ва завқи зебоипарастиашон кӯшиш доранд.

Эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кормандони ин макони биҳиштосоро шод гардонид. Табиати мафтункори истироҳатгоҳ, биноҳои хуштарҳу замонавӣ ба қабули меҳмонону сайёҳон омода буда, кормандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, имконияти истироҳату фароғатро аз ин ҳам хубтар намуда, боиси хушҳолии ҳамагон қарор дошта бошанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh