Табобати ройгони омӯзгорон дар “Шифо”

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 нафар корманди соҳаи маорифи вилоят дар осоишгоҳи “Шифо” – и шаҳри Гулистон ба табобати ройгон фаро гирифта шудаанд. Ин иқдом тайи се соли охир роҳандозӣ гардида, омӯзгорони мактабҳои миёна, дар давраи таътили тобистона ва зимистона табобат мегиранд.

Тибқи иттилои маорифи вилоят барои хушу хотирмон гузаштани фароғати маорифчиён барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, шабнишиниҳои илмӣ ва мулоқоту вохӯрӣ бо адибону санъаткорон ба роҳ монда шудааст.

Истамҷони Наҷмиддин,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh