Даври вилоятии олимпиада оғоз гардид

Чун анъана дар давраи таътили зимистонаи мактабиён даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфти толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст.

Дар расми ифтитоҳи олимпиада раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маорифи вилоят Мусобек Мироватов ва сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати  маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд.  

Тибқи низомнома олимпиада  аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида шуда, то санаи 31 –уми январ идома меёбад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh