Таъсиси шӯрои диссертатсионӣ дар донишгоҳ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифии Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 033 барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисоси филология бо иштироки ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, аъзои Шӯро, масъулони бахши илм ва инноватсия ва дигар ихлосмандон баргузор гардид.

Сараввал ректори донишгоҳ ташкил шудани шӯрои мазкурро дар донишгоҳ падидаи нек арзёбӣ намуда, ҳамагонро бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти № 10 аз 29-уми январи соли 2018  ба тасвиб расидааст, шинос намуд. Таъкид шуд, ки Шӯрои диссертатсионӣ аз 25 нафар аъзо иборат буда, дар он аз рӯи чор ихтисос  рисолаҳои илмӣ ба дифоъ расонида мешавад.

Раиси Шӯрои диссертатсионӣ, професори кафедраи адабиёти муосири тоҷик Матлубаи Мирзоюнус барои дастгирӣ дар ташкили Шӯрои мазкур дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисоси Филология (ихтисосҳои 10.01.08 - Назарияи адабиёт, матншиносӣ, 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ, доктор ва номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.09 - Фолклоршиносӣ, 10.02.14 - Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ) фаъолият менамояд.

Сипас муовини раиси Шўро, профессор Абдуҷамол Ҳасанов ва аъзои Шӯро, профессорон Абдусаттор Абдуқодиров, Матлуба Азимова ва Неъматҷон Файзуллоев аз таъсиси Шӯро изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кори Шӯро ва беҳтар намудани сифати рисолаҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Боир Раҷабов

Add comment


Security code
Refresh