Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф

Рӯзи 23 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот намуд.

Дар мулоқот роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, донишҷӯёну хонандагони пешқадаму навовар иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлилу баррасии дастоварду мушкилоти соҳаи маориф аз рушди бонизоми ин соҳаи муҳим дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ намуда, бунёди муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити таҳсил, зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷӯён, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва дигар тадбирҳои маорифпарваронаи давлату Ҳукуматро нишонаи возеҳи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуд.

Ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати фароҳам овардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо ин мақсад барои соҳаи маориф соли равон аз буҷети вилоят беш аз 781 миллион сомонӣ  равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузшта 62 миллион сомонӣ зиёд мебошд.

Дастгирии донишҷӯёни навовару пешқадам дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, сол аз сол шумораи гирандагони стипендияи Раиси вилоят ва ҳаҷми маблағ афзуда истодааст. Дар навбати худ ҷавонони моро зарур аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, барои хизмат ба халқу Ватан камари ҳиммат бубанданд.

Зимни баромади худ роҳбари вилоят аз ғолибияти намояндагони вилояти Суғд дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» ва «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки намояндагони вилоят ду сол инҷониб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ пирӯзӣ ба даст меоранд. Тавсия дода шуд, ки кормандони соҳаи маориф минбаъд низ барои пирӯзӣ дар озмунҳо аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Тавре зикр карда шуд, дар вилоят наздик 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд буда, дар онҳо 38 ҳазор омӯзгорон фаъолият доранд, ки 78 фоизашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Соли гузашта 34 ҳазору 500 нафар мактабро хатм намуда, тавассути Маркази милли тестӣ 47 дарсадашон ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудаанд. Бо назардошти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар қабулшавии хонандагон дар ин давра бештар аз 52 дарсадро дар бар мегирад, ки нишондиҳандаи хуб дар миқёси кишвар мебошад. Ҳамзамон 125 нафар хонандагони мактабҳои вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Бо таҳлили вазъи соҳаи маориф роҳбари вилоят таваҷҷуҳи масъулинро барои бунёди бештари мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ, пурра таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони маълумоти олӣ дошта, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъмири мактабҳои садамавӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо бо лавозимоти зарурӣ, татбиқи барномаи давлатии компютеркунонӣ, азхудкунии ҳунарҳои миллӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ, афзалият додан ба фанҳои дақиқ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас масъулинро вазифадор намуд.

Дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола нисбати омӯзгорон ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар вақти таътил собиқадорон, пешқадамон, устодони соҳибтаҷриба ва дар умум 100 нафар кормандони соҳаи маориф дар осоишгоҳҳо ройгон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд. Роҳбари вилоят мужда расонд, ки минбаъд 200 нафар омӯзгорон ва 200 нафар ғолибони олимпиадаву навоварони ҷавон ройгон ба истироҳат ҷалб хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон диққати роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ихтироъкорон ва дигар шахсони масъулро ба мавзӯи ҳамкории илм ва истеҳсолот ҷалб намуд. Зикр гардид, ки бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои хуби таҳсил ва ихтироъкорӣ, то ба ҳол маҳсули кори навоварон дар истеҳсолот пурра мавриди истифода қарор намегирад. Дар иртибот ба ин, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас аз тарафи роҳбари вилоят пешниҳод гардид, ки бо фарогирии роҳбарони муассисаҳои олӣ Шӯрои махсус ташкил ва пешниҳоди ихтироъкорон тавассути Шӯро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд расонида шавад. Барои дар амал татбиқ намудани ихтироот роҳбарияти вилоят кӯмаки худро хоҳад расонд.

Дар идомаи мулоқот чанде аз кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои дастгириву ғамхориҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҳузури иштирокдорони мулоқот ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017», «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» ва озмуни вилоятии ихтироъкорон ва навоварон Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 7 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh