Маориф - зербинои рушди кишвар

Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ доир ба натиҷаҳои соли 2017 маълумот дод.

Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, барои сипарӣ намудани зимистон дар муассисаҳои таълимии вилоят 12 ҳазору 675,3 тонна ангишт ва 6 ҳазору 310 метри мукааб ҳезум захира шуд.

Бобати пешрафтҳои назарияву амалии хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии вилоят мавсуф илова намуд, ки 125 нафар хонанда дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва 87 нафари онҳо дар олимпиадаҳои фосилавии давлатҳои Амрико, Фаронса ва Тайван ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.

- Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии хонандагони болаёқати вилоят 4 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии вилоят дорандаи Шаҳодатномаи аъло ва медалҳои тиллову нуқра гардида, бо маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд,-гуфт Осим Каримзода.

Инчунин, аз рӯи маълумотҳо бармеояд, ки дар назди 669 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои рӯзгордорӣ ташкил ва дар 859 муассисаи таълимӣ танӯр ва оташдон шинонида шуда, 290 маҳфили сӯзанидӯзӣ, 328 маҳфили қолинбофӣ, 70 маҳфили атласу адрасбофӣ амал мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди вилоят 13 адад муассисаи таълимии типпи мактаб-интернатҳо фаъолият намуда, аз онҳо се адад мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, бепарастормонда ва аз оилаҳои камбизоат, панҷ адад мактаб-интернати махсуси бачагонаи имконияташон маҳдуд, як Хонаи кӯдакон ва чор интернати наздимактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1 ҳазору 306 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

-Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро 34 ҳазору 721 нафар хонанда хатм намуда, аз онҳо 19 ҳазору 624 нафар дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли хониши 2015-2016-ум 3,5 фоиз зиёд мебошад, -илова намуд О.Каримзода

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон сардори Раёсати маорифи вилоят ва масъулини сохторҳои мухталиф посух доданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh