Мақсад: Омода намудани кадрҳои баландихтисос

Бо ибтикори Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Хазинаи «Институти таҳқиқотии Евроосиёӣ», Хазинаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии «Дӯстию ҳамкории Евроосиё» ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд 27-уми март бо иштироки устодону донишҷӯёни мактабҳои олии маркази вилоят, кормандони дигар сохторҳо, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори умум чорабинӣ дар мавзӯи «Ҷои кори дилхоҳ: омилҳои ноил гардидан ба мақсад» баргузор гардид.

Дар кори он Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд В.Бондаренко ширкат ва суханронӣ намуд.

Намояндаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Даря Чиҷова ҳадафи ҷамъомадро омода намудани мутахассисон баҳри фаъолият дар ширкату муассисаҳои замонавӣ маънидод кард.

Намояндаи Ширкати калонтарини Тоҷикистон – «ТсеII»- «Индиго Сомонком» Сӯҳроб Шарифов изҳор дошт, имрӯз муштариёни ширкат беш аз 3 миллионро ташкил медиҳад ва табиист, ки масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ аз масоили умдаи ширкат аст.

Таҳлилгар аз шаҳри Москва Евгений Колбей ба донишҷӯёну ҷавонон дар бораи тарзу намудҳои ба тариқи муъҷаз, дақиқ ва нишонрас тайёр кардани резюме ва худмуаррифӣ, ки барои ба кор қабул гардидан дар ширкату муассисаҳои замонавӣ имкон фароҳам меорад, маълумот дод.

Доир шудани чунин тадбиру чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон-неруи ояндасози ҷомеа дар ин марҳалаи пешрафти босуръати технологӣ мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намоянд.

 Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh