Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилояти Суғд

Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳинабону Шарипова, иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мадина Ҳомидова, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои хирадманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми  имконият ва шароитҳои мусоидро ба ҷавонону наврасони вилояти Суuд фароҳам овардааст. Таъсиси стипендияи Президентӣ намунаи олии таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонадагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави бо соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани ҷавонон ва ҳамчунин хифз намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд айни замон 78 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 130 нафар  гирандаи стипендияи  раиси  вилоят ва 453 нафар гирандагони стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки ҳамарӯза барои баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ ва дар раванди ободкориву бунёдкории ватанамон саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Шодмон НУРМАТОВ,

роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати кор

бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh