Олим, мураббӣ ва ташкилотчии моҳир

Дирӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   конфронс таҳти унвони  «Олим, мураббӣ ва ташкилотчии моҳир” ба ифтихори 90 - солагии Аълоии маорифи ИҶШС, Ходими хизмтнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, номзди илмҳои филологӣ, дотсент Темур Мақсудов баргузор гардид.

Дар конфронс сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов, намояндаи шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Эшонова, шоираи халқии Тоҷикиcтон Фарзона  ва устодону пайвандони эшон иштирок доштанд.

Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз хизматҳои шоёни Темур Мақсудов баромад намуда, зикр кард, ки   дотсент Темур Мақсудов дар дарозои кору фаъолияти худ дар тарбияву бавоярасонии ҳазорҳо мутахассисони ҷавон саҳм гирифтаанд, ки онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, ному пайкори устоди худро идома дода истоданд.  

Дар охир хотироти устодон ва дӯстон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Темур Мақсудов шунида шуд.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh