Ғолибият муборак!

Бо ибтикор ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар асоси фармоиши Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд дар театри ҷавонони ба номи Одил Назарови шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Хушдидон ва ҳозирҷавобон" бахшида ба соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 14 дастаи муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷавонони болаёқати дастаи "Дилкушо" - и "Хушдилон ва ҳозирҷавобон"-и Гимназияи №1-уми шаҳри Бӯстон ҷойи аввал, дастаи ҷавонони болаёқати шаҳри Гулистон ҷойи дуввум ва дастаи ноҳияи Спитамен ҷойи севвумро сазовор гардиданд.

Инчунин дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Зафаробод ва Истаравшан барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Сардори Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Сарвари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон»- и шаҳри Панҷакент

Шерзод Абдуллозода, ба унвони беҳтарин иштирокчии озмун баргузида шуд.

Фирдавс Ашӯрматов

Add comment


Security code
Refresh