Мулоқоти Раиси вилоят бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

2 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқот Раиси вилоят бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги “Суғдиён” ба намоиш гузошта шуда буд, шинос гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки соҳаи илм ва маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷўҳи хоса ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз нақши муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон ва омода кардани кадрҳо зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, дар тўли 25 соли фаъолият дар инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши назаррас гузоштааст. Агар дар соли аввали таъсисёбӣ Донишгоҳи мазкур дорои ду факултет ва 300 донишҷўй бошад, ҳоло теъдоди факултаҳо ба 6 ва шумораи донишҷўён ба 6000 нафар расидаааст. Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1993 таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси макони тайёр кардани кадрҳо дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ ва амсоли ин аз падидаҳои ҷолиби таърихи навини маорифи кишвар маҳсуб мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ҳайати устодону профессорони донишгоҳро зарур аст, ки доир ба мавзўъҳои мубрами рўзгори ҷомеа, аз қабили тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, арзишҳои волои фарҳангӣ ва миллӣ, ташаббусҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, масъалаҳои тарбияи ҷавонон,  ташаккули маънавиёти ҷомеа, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳанд.

Мавҷудияти Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, Парки технологӣ, Маркази тестии электронӣ, докторантура, озмоишгоҳи инноватсионӣ, дастаҳои эҷодии «Ошёни меҳр», «Парвози истеъдод», китобхонаи таълимию  илмӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ бо 643 адад компютери замонавӣ, 46 адад ноутбук ва 183 адад принтер имконият фароҳам меоварад, ки донишҷӯён соҳибихтисос гардида, барои рушди соҳаҳои гуногун саҳмгузорӣ намоянд.

-Мо аз Шумо, донишҷўёни муҳтарам, созандагони фардои мамлакат умеди калон дорем ва таъкид менамоем, ки аз шароити созгори мавҷуда, имкониятҳои ақливу зеҳнӣ ва моддиву техникии ин боргоҳи маърифат самаранок истифода бурда, дар қатори устодони хеш дар пешбурди технологияи муосир, рушди бемайлони илм, идомаи анъанаҳои неку созанда, тарғиби арзишҳои олии башарӣ, омўзиши таҷрибаҳои ибратпазири кишварҳои мутараққӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузоред, - зикр дошт Раиси вилоят.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар донишҷӯёни  пешқадами донишгоҳ туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардид.

Дар охир аз ҷониби дастаҳои эҷодии донишгоҳ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh