Ҳамкории таърихӣ ва судманд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад ва ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ ва табодули таҷриба бо дигар Донишгоҳҳои Ӯзбекистон низ омода аст. Дар вохӯрӣ  аз Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур муовини  ректор оид ба корҳои илм Бахтиёр Расулов, мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ  Фарҳод Алимов, профессори кафедраи филлологияи ӯзбек Дилоро Набиева, донсенти кафедраи психология Машрабой Ҳалимова иштирок намуданд.

Дар доираи ҷамъомад миёни ду донишгоҳ  шартномаи таҳсил ба имзо расид, ки мувофиқи он минбаъд донишҷӯён ва магистрантон дар Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Гуфта шуд, ки  ҳадаф аз ин ҳамкорӣ табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати таълим ва саводи донишҷӯён мебошад. Ду ҷониб аз имзо шудани шартнома изҳори хушнудӣ карданд. Қайд гардид,  ки иқдоми мазкур ба қавитар шудани робитаи дӯстии ду миллат заминаи хуб мегузорад ва донишҷӯён бо фарҳангу тамаддуни ҳамдигар аз наздик ошно мегарданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷ.Ҳ. Ҷӯразода  аз сафари намояндагони Тоҷикистон ба Самарқанди Ӯзбекистон, ки чанде қабл сурат гирифта буд,  ёдоварӣ кард ва гуфт, бо сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат робитаи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду халқи ба ҳам дӯст ва бародар дар ҳама соҳаҳо торафт мустаҳкам мегардад.

Бахтиёр Расулов, доктори илмҳои таърих дар Донишгоҳи давлатии Андҷион  ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур пешниҳод намуд, ки минбаъд устодони ду донишгоҳ иқдом намуда, конференсияҳои байналхалқӣ ташкил намоянд ва табодули таҷриба кунанд. 

Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ҳамчун рамзи дӯстӣ ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур маҷмӯаи асарҳои Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро тақдим намуд. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳҳои Самарқанд ва Фарғона низ шартнома бастааст.

Маркази иттилоот ва таҳлили
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh