Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди ду мактаби нав санги асос гузошта шуд

Рӯзи 14-уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, дар доираи он ба сохтмони як қатор иншооти гуногун оғоз бахшид.

Нахуст дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди мактаби нав санги асос гузошта шуд. Тибқи лоиҳа муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаст. Иншооти сохташаванда бо тамоми шароит, аз ҷумла толори варзишӣ, ошхона ва буғхона барои гармидиҳии мутамарказонидашуда бунёд хоҳад шуд. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ лавозимоти зарурӣ ва дигар ашёи таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳрак аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбати соҳаи маориф ёдовар шуд ва илова намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳраки навбунёд як муассисаи таълимӣ сохта мешавад. Зикр гардид, ки тибқи супориши Сарвари давлат тамоми муассисаҳои таълимии садамавӣ ба таъмиру навсозӣ фаро гиифта шуда, барои таълиму тарбия шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар вилояти Суғд чораҳои зарурӣ андешида шудааст ва дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ кор бо вусъат идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки шаҳраки Ганҷобод маҳаллаи навбунёд буда, дар ин мавзеъ ба сокинони ниёзманд барои бунёди манзил замин ҷудо гардида буд. Сокинон хонаҳои худро бунёд намуда, ин минтақаи дар гузашта ноободро ба як макони ободу сарсабз табдил додаанд. Ҳамакнун бо назардошти маҳалли аҳолинишин гардидани шаҳрак ва афзудани шумораи аҳолӣ дар ин мавзеъ бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мактаби замонавӣ сохта мешавад.

Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи дурдасттарини ноҳия - деҳаи Азизобод ташриф оварда, ба бунёди боз як бинои таълимӣ оғоз бахшид. Дар ин деҳа низ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  мактаби нав сохта мешавад.

Раиси вилоят дар аснои мулоқот бо сокинон таъкид кард, ки мактаби нав тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити таълим ва бартараф намудани мактабҳои садамавӣ бунёд мешавад. Ба гуфти роҳбари вилоят бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар марҳилаи аввал мактаб бо 5 синфхона ва утоқҳои ёрирасон бунёд мешавад ва дар марҳилаи дуюм боз бинои иловагӣ сохта хоҳад шуд.

Дар гузашта бо сабаби набудани мактаб хонандагон 5 км роҳро тай намуда, дар деҳаи ҳамсоя таълим мегирифтанд. Дурии роҳ ба хонандагони синфи як мушкил буд ва аз ин хотир дар хонаи яке аз омӯзгорон синфхона ташкил карда шуда, хонандагони синфи якум ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд. Тибқи иттилои мавҷуда дар вилояти Суғд шумораи мактабҳое, ки дар хонаи шахсӣ ташкил шудааст, як адад, яъне дар ҳамин деҳа буд ва ҳамакнун бо бунёди мактаб ин мушкил пурра бартараф хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳамроҳи собиқадорони соҳаи маориф барои бунёди мактаб санги асос гузошта, мужда расонд, ки хонандагон дар соли нави хониш дар муассисаи нав таҳсилро оғоз менамоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 46 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 23 000 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Сипас, Раис вилоят бо рафти корҳои навсозии бинои кӯдакистони рақами 9-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шуда, барои мувофиқи талабот бунёд намудани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh