Хатмкунандагон роҳи фаъолияти минбаъдашонро муайян карданд

Соли сеюм аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» доир мегардад.

Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо иштирок доштанд.

Дар ярмарка ҳамаи кафедраҳои донишкада дастовардҳои илмию истеҳсолии худ, фаъолияти пойгоҳу озмоишгоҳо, мувафаққиятҳои собиқ хатмкунандагони худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори донишкада, номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов аз номи Раёсати донишкада шахсан аз номи сарвари он Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иштирокдоронро хайрамақдам гуфта,  аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаи муҳим ва омили пешравии иқтисод ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин нукта пайваста дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад. Соли гузашта донишкадаро 918 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 95 фоизи хатмкунандагон  сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 70 хатмкунанда соҳиби ҷойи корӣ шуданд.

Донишкада имсол тасмим гирифт, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Сипас, мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони корхонаҳо бо хатмкунандаи донишкада дар аудитрияҳо сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо тариқи видероликҳо нишон дода, барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисони варзидаро интихоб намуданд.

Дар натиҷа зиёда аз 50 нафар хатмкунанда худи ҳамон рӯз тариқи суҳбат тавонистанд, худро чун корманд номнавис кунанд. Қарор шуд, ки хатмкунандагон рӯзҳои наздик бевосита аз ҷараёни фаъолияти корхонаву муассисаҳо ошно шуда, роҳи ояндаи худро муайян мекунанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh