34 МАҚОМИ ИФТИХОРӢ НАСИБИ ТОҶИКИСТОНИЁН

Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи байналхалқии «Джениус кид Эйша - 2018» ва «Риболига Эйша - 2018» дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Шоҳин» - и шаҳри Гулистон, ки дар шафати Баҳри тоҷик воқеъ аст, ҷараён гирифт.

Дар он намояндагони марказҳои таҳсилотии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд. Теъдоди дусаднафараи иштирокдорони Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ бо фарогирии кӯдакону наврасони аз 6 то 16-сола дараҷаи дониши худро аз рӯи намуди санҷиши менталӣ нишон доданд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ меҳмонону иштирокдоронро ба кишвари офтобрӯяи тоҷикон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ дар Тоҷикистон бори нахуст мебошад.

Мақсади баргузории Олимпиадаи байналхалқӣ, ки аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад, дар баробари санҷиши донишу маҳорат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, дар замири кӯдакону наврасон бедор кардани ҳисси донишандӯзӣ, бо ҳам пайвастани риштаи дӯстию бародарии байни муассисаҳои таълимии давлатҳо мебошад.

Меҳмонони чорабинӣ - директори генералии Маркази илмии «Абакус» - и шаҳри Москва Рустам Багауддин, директори генералии Академияи математикаи менталии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вероника Коробкина, директори генералии Маркази илмии «Абакус» - и шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Венера Карамакиева, сарвари мактаби «БИЛИМ ОРДО» - и шаҳри Ош Матлуба Саттарова, сарварони маркази таълимии «Абакус» - и шаҳрҳои Москва ва Якутия Элвира Лаптева ва Наталя Потапова миннатдории худро барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию фароғатӣ баён доштанд.

Тӯли як ҳафтаи баргузории олимпиада меҳмонон тавонистанд аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби шаҳрҳои Гулистону Хуҷанд дидан карда, таассуроти амиқ бардоранд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки бо назардошти дараҷа ва синну соли иштирокчиён 11 нафар ба гирифтани мақоми аввал, 18 нафар соҳиби мақоми дуввум ва 18 нафари дигар мақоми саввумро дар олимпиада сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ 34 мақоми ифтихорӣ насиби тоҷикистониён шуда, танҳо 13 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Fолибони мутлақи Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи ақлӣ аз Тоҷикистон Абӯбакр Усмонзода, Богдан Восколович ва Юсуф Ҷобирӣ дониста шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо Ҷом, медал, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh