Анҷумани маърифаткушу ватанфурӯшони тоҷик

Бо баробари наздик шудани интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шиддат гирифтани муборизаҳои сиёсӣ барои ишғоли мансабҳои интихобӣ  ё худ бадномсозии ҳокимони давр вусъат гирифта истодааст.

Як гуруҳи онҳо дар атрофи роҳбари ташкилоти террористии Наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ муттаҳид шуда бошанд, гуруҳи дигар аз номи созмони мардумӣ баромад карда, мафкураи мардумро заҳролуд сохта истодаанд. Чунин гуруҳҳо зери ниқоби номҳои озодандешӣ ба побандкунӣ машғул ҳастанд.  Анҷумани озодандешони тоҷик ба ном созмони мардумӣ ва фаросиёсӣ ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзиро гӯё муттахид мекарда бошад бештар ба ҷудоиандозӣ, паҳн кардани ҳар гуна овозаҳои бардурeғ, ташкили вазъияти муташанниҷ машғул аст.

Онҳо гӯё барои пойдории арзишҳои демукросӣ ва инсонӣ фаъолият менамоянд, аммо ақоиду афкори ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати исломро ҷонибдорӣ мекунанд. Аҷиб он аст, ки чӣ  тавр гуруҳҳои демократихоҳу дингаро ҳамдигарро пуштибнӣ мекунанд? Магар бо сарнагун кардани ҳукумати имрӯза миёни онҳо созиш барқарор мешавад? Ҳаргиз на, баръакс низоъ байни ин қабил гуруҳҳо боиси оғуштаи хун гаштани кишвари азизамон мегардад. Бинобар ин бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, рушди босамари иктисодӣ, пойдории меъёрҳои демократӣ бояд аз ҷониби шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ дода шавад. Мо набояд барои пеш омадани таҳдид ба истиқлолияти давлатӣ замина гузорем, ки бешак, бузургтарин дастоварди мардуми тоҷик аст.

Ташкили чунин гуруҳҳо дар асри технологияву иттилоот, ВАО-и фаъол усули самараноки мубориза барои ҳокимият маҳсуб намеёбад. Мардум аз воқеоту ҳодисоти кишвар имрӯз имконияти аз сарчашмаи асосӣ маълумот гирифтанро доранд. Зарурат ба иғвоандозиву бардуруғ нишон додани ҳодисоту воқеот нест. Агар ҳадафи онҳо ба ҳокимият дастёбӣ бошад бигзор тавассути навиштани барномаи сиёсии мукаммал, фарогирандаи тамоми самтҳои зиндагии мардум, бо нишон додани роҳу воситаҳои самараноки бартарафсозии проблемаҳои ҷамъиятӣ худро дар байни мардум муаррифӣ намоянд. Маълум ки аз уҳдаи ин кор баромада наметавонанд.

Бинобар ин бо дарёфти фурсати муносиб ба монанди интихоботи дар пеш истода мехоҳанд тавассути ташкили бесарусомониҳо тасарруфи ҳокимият созанд. Ин аст воқеияти ҳол. Аммо, эй озодандешон мардуми мо ин тирафикрии Шуморо зуд ошкор менамояд. Онҳо дигар фирефтаи ин нукоти беасосу бемантиқи гумроҳкунандаи Шумо ба монанди муроҷиатҳои бешумор ба созмонҳои байналхалқиву  минтақавӣ баҳри эҳёи фаъолияти қонунии ҳизби Наҳзати ислом, ё азияти намояндаҳои мухолифин дар кишвар, талаботҳои гуногун аз номи «мардум» ва монанди онҳо намешаванд. Умуман, ин қабил гуруҳҳо мехоҳанд зина ба зина, марҳала ба марҳала мафкураи мардумро заҳролуд сохта, аз ҳаёти идеалии демократӣ афсонаҳо оварда, ҷудоиандозиро дар ҷомеа тарғиб намояд.

Бо чунин амалҳои зишту нафратовар ҷонибдорони Анҷумани озодандешони тоҷик Тоҷикистонро ба майдони муборизаҳои абарқудратон табдил додан мехоҳанд. Вазъияти мураккабу пурпечутоби ҷаҳони муосир, раванди бартариҷӯӣ, объекти задухeрдҳои сиёсӣ гардидани кишварҳои ноором ба монанди Сурия ва Украина тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, кишвари соҳибистиқлолу дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро муҳофизат намоем. Нагузорем, ки талошҳои беамони ташкилоти террористӣ-экстремистии гуногун ба парокандагии миллат порашавии давлат, маҳвшавии истеҳсолот, заҳролудшавии тафаккур оварда расонад. Анҷумани озодандешони тоҷик низ ҳамин қабил муттаҳидаи найрангбоз, ватанфурушу ҷаҳолатпеша, хуруфотпарасту маърифаткуш ва даҳшатафкан мебошад. Тира сохтани мафкураи мардум меҳвари фаъолияти имрӯзаи муддаиёни курсии давлатдорӣ, саҳлангорон, фазлфурeшон ва хушкандешонро  ташкил менамояд. Бинобар ин набояд ба гуруҳҳои дунявиятгарову динигаро,  миллатгарову маҳалгаро ҷудо шуда, бори дигар барои ташкили ҷанги таҳмилии қувваҳои беруна мусоидат намоем.

А.Бердишукуров,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh