Бунёди синфхонаҳои иловагӣ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти кишвар доир ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани он дар вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон шудааст ва он дар ҳама самт ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46-и деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба соли нави хониш вусъати тоза мегиранд. Дар назди муассисаи номбурда 5 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии сокинони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида истодаанд.

Дар иншоот омӯзгорон ва устоҳои маҳаллӣ бо маром кор карда, айни замон сохтмони таҳкурсии бино ва девори синфхонаҳо ба талаботи замон мутобиқ ба анҷом расидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи июл оғоз гардида, бунёдкорон кӯшиш доранд, ки барои насли ояндасози миллат туҳфаи хотиравиро ҳарчӣ тезтару босифат супоранд. Синфхонаҳои иловагӣ мутобиқ ба талаботи замон буда, ин дуюмин мактабест, ки тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст.

Омӯзгорони муассиса баробари таъмир ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи мактаб корҳои заруриро ба анҷом мерасонанд.

- Мақсад дорем, ки атрофи мактабро бо гулҳои зебо оро дода, як гӯшаи Ватани азизамонро обод намоем, - қайд намуд директори таълимгоҳ Наҷмиддин Кӯчиев.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар муассисаи номбурда 670 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, онҳоро 42 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба сабақ меомӯзонанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh