Ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1 сентябри соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ба истифода дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат намуда, онҳоро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик намуд. Таъкид гардид, ки дар Рӯзи дониш мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нав фоли нек буда, он барои устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 туҳфаи арзанда дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маорифро аз соҳаҳои афзалиятнок меҳисобад ва барои рушди соҳа ва бунёди мактабҳои наву замонавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, соли равон дар вилоят дар маҷмуъ баистифодадиҳии 43 иншооти соҳаи маориф бо фарогирии 6633 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки гувоҳи возеҳи ин гуфтаҳост.

Бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо маблғгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, он аз ду ошёна, 16 синфхона ва утоқҳои фаннӣ иборат мебошад. Мактаби нав бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевону тахтаҳои синфӣ таъмин карда шуда, дар он 540 нафар дар як баст таҳсил менамоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияҳои калонтарини вилоят маҳсуб ёфта, дар он 87 мактаб мавҷуд аст. Теъдоди хонандагони мактабҳои ноҳия беш аз 68 000 буда, танҳо соли равон 7250 нафар ба синфи якум қабул карда шудаанд. Дар соли хониши 2017-2018 мактабҳои ноҳияро 4908 нафар хатм карда, наздик 3 000 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ҳуҷҷат супоридаанд.  Аз ҷумла, 300 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба мактабҳои олии Федератсияи Россия дохил шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh