Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 2 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои бунёдкорӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба ҳайати Ҷамоати деҳоти Исмоил 15 деҳа дохил мешаванд ва дар ҷамоат зиёда аз  26 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд. Имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат сохтмону бунёди иншооти гуногун идома дошта, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону барқарорсозӣ ва таъмиру тармими 115 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Зимни сафар Раиси вилоят сараввал рафти бунёди гармхонаҳои соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Шодибековро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Барои бунёди 6 гармхона 2 гектар замин ҷудо гардида, минбаъд дар онҳо помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, қулфинай парвариш карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки гармхонаҳо бо мақсади таъмини сокинон бо маҳсулоти хушсифат сохта шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба бозорҳои дохилӣ бароварда хоҳад шуд.

Пасон, Раиси вилоят бо рафти бунёди бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 –и ҷамоат шинос гардид. Бинои асосии мактаб аз 8 синфхона иборат буда, дар он 751 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ айни замон идома дошта, қарор аст боз 8 синфхонаи нав бунёд гардад.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд намудани бинои иловагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ рафти корҳои саҳроиро дар бригадаи сеюми кооперативии тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатови ҷамоат мушоҳида намуда, бо саҳмдорону пахтакорон суҳбат орост. Раиси вилоят иброз дошт, ки ҳосили боқимондаи пахта ҳарчӣ зудтар бояд ҷамъоварӣ карда шуда, барои ҳар як килограм пахтаи чидашуда 1 сомониву 20 дирамӣ ҳақмузд пардохт гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh