Шуури ҷавононро аз ақидаҳои ифротӣ эмин дорем

Терроризм ва экстремизм ҳалқаҳои як занҷираро ифода мекунанд. Ифротгароӣ ин назарияи тайёрӣ, вале терроризм ин иҷрошавиро мефаҳмонад.

Ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба инсоният таҳдиду хатарҳои зиёдеро эҷод карда истодааст.

Имрӯз «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба масъалаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми бояд дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзо, ҳифзу сулҳу субот ва амнияти миллат саҳм гузоранд.

Роҳбарони гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои зиёд дода, онҳоро ба коми оташ тела медиҳанд. 

Мутаассифона, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳолатҳои ба таври оилавӣ ба минтақаҳои ҷангзада рафтани сокинон ҷой дорад. Онҳо асосан, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтида, ба ин кишварҳо фиристода шудаанд.

Раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ торафт хусусияти фаромиллӣ касб карда, ба яке аз муаммоҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, чунин зуҳуроти хатарнок минтақа ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳонро фаро гирифта, таҳдид ва амнияти сокинони сайёраро меафзояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ карда шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ – террористӣ эътироф намудани онро, шаҳрвандони кишвар дуруст ва одилона меҳисобанд.

Таҳлили фаъолияти солҳои охири Ҳизби наҳзати исломӣ нишон дод, ки он аз аввали ташкилёбиаш (моҳи декабри соли 1991) барои сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани қудрат талош карда, дар сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даст дошта, маҳз бо ҳамин сабаб он замон баста шуд. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизби наҳзат аз нав номнавис шуда, ба фаъолият оғоз кард. Аз ин гузашт хулосаи зарурӣ набароварда, ба ҷои гузоштани саҳм дар рушди кишвар ва якпорчагии миллати тоҷик аъзоёни ин ҳизб боз ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуданд. Дар асоси ин далелҳо фаъолияти ТЭТ ҲНИ мувофиқи қонуни ҷиноӣ манъ карда шуд. Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, тарки узвияти ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар, балки ба таназзули он оварда мерасонад.  

Ш.Тоҷибоев,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
декани факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh