ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ЎЗБЕК ТАЪСИС ЁФТ

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманди ду давлати ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Ўзбекистон бо ибтикор ва қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 31-уми октябри соли 2018 дар назди донишгоҳ факултети филологияи  ӯзбек бо намуди таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) ба фаъолият шуруъ намуд.

Факултети мазкур бо потенсиали кадрӣ таъмин буда, ҳамчунин имкониятҳои зиёдеро ҷиҳати таълиму тарбияи донишҷӯён доро мебошад. Аз рӯи ихтисоси мазкур 2 нафар доктори илм, профессор ва 16 нафар номзади илм, дотсентон дар пешрафти раванди таълим ва таҳкими сатҳу сифати таҳсилот нақши муассир мегузоранд. Дар факултет ду кафедра - “Забони ўзбекӣ ва методикаи таълими он”, “Адабиёти ўзбек ва методикаи таълими он” амал намуда, теъдоди донишҷӯёни он 238 нафар мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар таърихи беш аз 80-солаи донишгоҳ, соли 1991 факултети филологияи ӯзбек таъсис ёфта, соли 2011 фаъолияташ маҳдуд гардида буд, яъне то ин дам кафедраҳои собиқ факултети филологияи ўзбек тобеи факултети забонҳои шарқи донишгоҳ буданд.

Айни замон, ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ин кишвари ба ҳам дӯст густариш ёфта, танҳо соли 2018 панҷ созишномаи ҳамкории байналмилалӣ бо донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Андиҷон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд, ки он минбаъд барои мустаҳкам намудани равобити илмию фарҳангӣ ва табодули таҷрибаи тарафайн заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh