Дар ноҳияи Ашт ба бунёди бинои шуъбаи маориф санги асос гузошта шуд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон шинос шуд.

Тавре зимни боздид аён гардид, корҳои сохтмонӣ дар иншоот дар асоси нақша идома дорад. Иншооти мазкур, ки аз се ошёна ва толори варзишиву ошхона иборат аст, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят, лоиҳакаш ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва пудратчӣ ҶДММ “Парвина” мебошанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ҳамасола барои бунёди иншоотҳои нави соҳаи маориф маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Дар ин раванд соли 2018 танҳо дар ноҳияи Ашт бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ бо харҷи 940 000 сомонӣ, 27 синфхонаи иловагӣ барои 675 нафар хонанда ба маблағи 880 000 сомонӣ ва дигар иншооти соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки тасдиқи ин гуфтаҳост.

Дар доираи сафари корӣ бошад бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода барои бунёди боз як иншооти муҳими соҳаи маориф – бинои шуъбаи маориф санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои фаъолияти кормандони соҳаи маорифи ноҳия шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh