Пирӯзӣ натиҷаи амали нек аст!

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонони кишвар ба соҳаи таълиму тарбия, яъне омӯзгорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, сафи тарбиятгарони насли ояндасозро боз ҳам бештар мегардонанд. Бо мақсади дарёфти мураббиҳои пешқадам, навовару эҷодкор даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол - 2018» баргузор гардид, ки мутахассиси ҷавони Ширхоргоҳ - кӯдакистони №27 - уми шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева ғолибият ба даст овард.

Парвози нахустин

Тавлиди тифли навзод дар оилаи Маҷидовҳо ҳамагонро хушнуд сохт. Бо умеду ниятҳои нек духтаракро Ҳанифа ном гузоштанд, ки дар оянда ба ақидаи худ побарҷою устувор бошад. Таҳсил дар дабистони шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ин илмомӯзи маърифатхоҳро ба сӯи қуллаҳои баланди дониш ҳидоятгар шуд. Чун дар оилаи зиёӣ ба камол мерасид, ҳанӯз айёми мактабхонӣ дар озмуну олимпиадаҳо, вохӯриву маҳфилҳои адабӣ бештар иштирок дошт. Китобхонӣ шуғли дӯстдоштаи Ҳанифабону буда, осори классикони тоҷик Ҳофизу Хайём, Бедилу Ҷомӣ, Саъдиву Камолро аз худ намуд. Маҳз шавқу ҳаваси адабиётдӯстиаш буд, ки ҳанӯз дар замони мактабхонӣ бо хондану маънидоди беш аз 100 китоби бадеӣ байни иштирокдорони озмуни «Китобхони беҳтарин» дастболо гардид. Муваффақияти нахустин дари орзуҳоро ба рӯи дӯстдори каломи бадеъ кушод. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров супурд. Нишастан ба курсии донишҷӯӣ, сабақ омӯхтан аз устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ, таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ шавқу ҳавас ва ғайрати Ҳанифабонуро бештар мекард. Дар даст дипломи мактаби олӣ ба ҳайси омӯзгори яке аз мактабҳои вилоят шинохта шуд. Дарсҳояш шавқовару пурмазмун бо истифода аз аёнияту воситаҳои техникӣ мегузаштанд.

Омӯзгор ё мураббӣ?

Ҳанифабону ҳамагӣ се даҳсолаи умри гузаронро паси сар намудааст. Ҳарчанд фаъолияти кориаш аз мактаби миёна оғоз шуд, аммо дӯстдори кӯдакон буд. Ҳар гоҳ барои омӯхтану ёрӣ додан назди модари меҳрубонаш Умриямо Абулҳаева, ки наздик чиҳил соли ҳаёташро ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон бахшидааст, мерафт. Бо ҳидояти аҳли оила дар Ширхоргоҳ - кӯдакистони № 27 - уми шаҳри Хуҷанд ҳамчун мураббӣ ба кор пазируфта шуд. Олами афсонавии дӯстрӯякон мураббии ҷавонро ба худ ҷалб кард. Аз болои худ кор кард, машғулиятҳои амалӣ гузаронд, аз мураббиёни соҳибтаҷриба маслиҳат пурсид. Мулоимсуханиву кушодачеҳрагӣ ва чашмикордонию серғайратиаш писанди ҳамагон гашт. Волидон мехостанд, ки кӯдаконашонро маҳз ҳамин мураббия тарбия диҳад. Маъмурияти кӯдакистон низ заҳмату тараддуди дучанди ӯро дида, пешниҳод намуд, ки дар озмуни «Мураббии сол» иштирок намояд. Ҳанифа дудила шуд. Оё метавонад байни мураббиёни соҳибтаҷриба қувваозмоӣ намояд?

Бо маслиҳату дастгирии мудири кӯдакистон Мукаррам Зоидова убури зинаҳои шаҳриву вилоятии озмуни «Мураббии сол» барои мутахассиси ҷавон осон гузашт. Мавҷи табрикоту муборакбодӣ ва қабули дастагулҳои зебо Ҳанифаро ба андеша водор месохт, зеро ба даст овардани роҳхат ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ саҳлу осон нест.

Кӯдакон дар олами афсонавӣ

- Дар озмуни ҷумҳуриявӣ мо намедонистем, ки дар кадом шароит, бо кадом кӯдакон машғулият хоҳем гузаронд ва кадом саволҳо дунболагири тафаккури мо хоҳанд шуд. Ба чеҳраи иширокчиёне, ки ҳамроҳи ман сабқат доштанд, нигариста шодию ғам, ҳиссиёту ҳаяҷони бепоёнро дидам. Мепиндоштам, ки иштирокчиёни дигар аз ман дида пурқувваттар ҳастанд, - хотироташро аз рафти баргузории озмун иброз медорад Ҳанифа Валиева.

Иштирокдорон ба хубӣ аз уҳдаи иҷрои шарти аввал, ки ҳисоботи эҷодӣ маҳсуб меёфт, баромаданд. Тариқи қуръапартоӣ дар шарти дуюм, ки мизи мудаввар дар мавзӯи «Кӯдакони носолим дар байни кӯдакони солим» буд, Ҳанифа бояд ҳамчун ровӣ ин мавзӯъро баррасӣ мекард. Интихоби коршиноси барнома аз байни тамошобинон ҳайати доваронро ба фикр водор сохт. Зеро иштирокчиёни дигар ин нуктаро аз мадди назар дур монда буданд. Дар дили қаҳрамони мо шуълаи умед забона зад. Дар шарти сеюм, ки асосӣ маҳсуб меёфт, иштирокдорон бояд дар гурӯҳи барояшон бегона машғулият мегузарониданд. Машғулияти Ҳанифа Валиева бо воридшавии кӯдакон ба олами зебои афсонавӣ оғоз ёфт. Нутқи бурро, мулоимсуханиву шакаргуфтории мураббия кӯдакони гурӯҳи омодагӣ ба мактабро ба худ ҷалб кард. Ҳарчанд мавзӯи машғулият «Тасаввуроти одитарини математикӣ» унвон дошт, бачаҳо худро дар олами афсона тасаввур карда, гоҳ ҳамовози паррандагони хушхон мешуданду гоҳи дигар аз санъати миллии тоҷикӣ тавассути болиштчаҳои рангоранги қуроқдӯзикардашуда бохабар мегаштанд.

- Азбаски дӯстдори шеъру адабиёт буда, фанҳои гуманитариро бештар меписандидам, баробари интихоби мавзӯъ тариқи қуръакашӣ қадре даступо хӯрдам, аммо худамро ба даст гирифта, бо азми дучанд ба гузаронидани машғулият шурӯъ кардам. Чун вақти баҳогузорӣ муайян гардид, ки нисбат ба довталабони дигар холи бештареро ба даст овардаам, шодиам афзун шуд, ки қадре бошад ҳам ба шогирдон - насли ояндасози миллат эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, зебоипарастиву ватандӯстӣ, ободкориву сабзкориро парвардаам, - гуфт Ҳанифа Валиева.

Ашки шодӣ ва ё ғам?

Дар даст гулдастаҳои пур аз меҳр, нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», диплом ва мукофоти пулии Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳамчунин роҳхат ба осоишгоҳ Ҳанифа Валиеваро дар толори пуродами маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ба худ овард. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ эълон дошт, ки мураббии кӯдакистони № 27-уми шаҳри Хуҷанд бо иҷрои муваффақонаи ҳамаи шартҳои озмун «Мураббии сол - 2018» дониста шуд.

Иштирокчиро ба ин бовар наомад. Ҳанифаи сисола беихтиёр сӯи мудири кӯдакистон Мукаррама Зоидова нигарист. Аз дидагони муаллима ашки шодӣ мерехт. Ашки шабзинадорию бедорхобиҳо, ашки талошу заҳматҳои бепоён, ашки меҳнати бурдборонаю босубот.

Вақти аз тайёра фуруд омадан Ҳанифа гумон дошт, тамоми мардуми Хуҷандшаҳр ба пешвозаш баромадаанд. Чеҳраи пешвозгирандагон: намояндагони соҳаи маориф, ҳамкорони ба ҷон баробар, ёру дӯстон, ҳамсари вафодораш Толибҷон, ҷигарбандонаш Ёсуману Олимҷон, хоҳараш Орифахон шукуфон буд. Ҳатто паёмаки муборакбодии модараш низ аз Федератсияи Россия дар вақташ омада расид. Бо вуҷуди ин Ҳанифа дидагони ошноро ҷӯё шуд.

Ӯ намедонист, шодишарики пешвозгирандагон шуда, аз дидагон ашки шодӣ резад ва ё аз набудани қиблагоҳиаш ашки ғам. Охир ҳидоятгари нахустин дар ҷодаи касби пешгирифтааш падараш буд.

Аз мавҷи табрикоту гулборон Ҳанифа ба худ омад. Аз зинаҳои тайёра ба сӯи устодон, шогирдон, сӯи фардои дурахшону тарабрез қадам зад. Ӯ бовар дошт, ки номбардори арзандаи диёр гаштааст.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh