Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар калонтарин ҷамоати вилоят - Ҷамоати деҳоти Хистеварз бунёду сохтмони даҳҳои иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ҷамоат аз зумраи чунин иншоот маҳсуб меёбад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 соли 1930 ташкил ёфта, барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Айни замон дар муассиса 1730 нафар хонанда таҳсил доранд ва ба онҳо 123 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда истодааст, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои таълимӣ иттилоъ дода шуд, сохтмони иншоот тибқи нақша идома дошта, то имрӯз 30 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ҷамоатро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 соли 1967 ташкил ёфта, барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бо гузашти солҳо ва афзоиши шумораи хонандагон имрӯзҳо дар муассиса 892 хонанда таҳсил доранд ва маҳз бо назардошти зиёдшавии шумораи хонандагон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон бунёди бинои иловагӣ оғоз ёфта, то имрӯз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шудааст.

Бинои иловагӣ барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро сохтмончиёни ҶДММ “Архикад” бар уҳда доранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо ва ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани муҳити зист тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh