Олими сол - 2018 муайян гашт

Озмуни “Олими сол-2018” дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъбаст гардид.

Дар бахши илмҳои гуманитарӣ Субҳонҷон Аъзамов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик ва бахши илмҳои дақиқ Абдулатиф Азизов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ, мақоми аввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадр гардиданд.

Мақомҳои дуюмро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева ва мақоми ифтихории баъдиро Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон ҳабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов гирифта, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода олимону муҳаққиқони донишгоҳро бо дастовардҳои шоёни илмӣ шодбош гуфта, изҳори умед намуд, ки минбаъд низ бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат ва барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлили МДТ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh