Робитаҳои кишварҳои Осиёи марказӣ: ҳолат ва дурнамо

Таҳти роҳбарӣ ва  сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварамон  бо  минтақаи Осиёи Марказӣ густариш ва таҳким меёбад, ки  ин иқдом ба  иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст. Конференсияи байналмилалии илмӣ - назариявии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ:  ҳолат ва дурнамо», ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид, ба хотири амалӣ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти густариши ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони  МИҲД-и вилояти Суғд, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон  ва Русия иштирок доштанд.

Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Сергеевич, намояндаи вилояти Оши Қирғизистон дар вилояти Суғд Аскаралӣ Мирахмедов, консули генералии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Малик Адилхан, директори Институти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Қазон Рамил Хайрутдинов, профессори кафедраи экспертизаи иқтисодӣ ва мониторинги молиявии Донишгоҳи технологии Русия Манон Хусайнов, муовинони ректори ДДҲБСТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов, оид ба илм ва инноватсия Турақул Ризоқулов маърӯза намуданд. 

Ҳамазамон, дар доираи кори конференсия  аз рӯи самтҳои ҳамкориҳои байналмилалии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар рушд ва такомули қонунгузории миллӣ, дар мубориза бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа, нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳони муосир, самтҳои асосии робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор,  зиёда аз 100 маърӯзаҳо дар чор бахш муҳокима гардида, тренинг таҳти мавзӯи "Тарғиботи ифротӣ. Осебпазирии ҷавонон" гузаронида шуд.

Дар доираи кори конференсия ҳолат ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, нақш ва мавқеи минтақа дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳони муосир муайян шуда, ба  таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди олимону муҳаққиқони кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам гардид.

Б.ҲАКИМОВА,
сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh