Муносибати нав дар малакаи касбӣ

Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманд буда, бо риояи анъанаи суннатии устодию шогирдӣ ҳунармандони асилро тарбия намудаанд. Имрӯз, дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ба роҳ монда шуда, ҷавонону наврасон ҳунар меомӯзанд. 

Дар ҳудуди вилояти Суғд 28 Маркази таҳсилоти иловагӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳоро Маркази таҳсилоти иловагии вилоят таҳти назорати доимии худ қарор додааст. Имрӯз ба маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 18711 нафар хонанда ҷалб гардиданд, ки ин теъдод назар ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 222 нафар зиёд аст.

Дар тамоми муассисаҳои зикргардида 62367 нафар хонанда ба маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд.

 Дар соли хониши 2017 - 2018 - ум 900 нафар аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ таъмин шуда, тибқи дархости директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо дар соли хониши 2018 - 2019 – ум 1080 нафар аъзо бо шаҳодатномаи малакаи касбӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» бояд таъмин шаванд.

Бино ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори муассиса Лутфия Гадойбоева дар марказ 28 номгӯи маҳфил фаъолият дошта, наврасон дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, рассомӣ, забони хориҷӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ, доирадастон, суханварони ҷавон ва адрасбофиро меомӯзанд.

- Хонандагони Маркази таҳсилоти иловагӣ дар олимпиадаи байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон дар шаҳрҳои Бишкек ва Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, - иброз дошт Лутфия Гадойбоева.

Анисаи Ҳакимзода - хонандаи мактаби таҳcилоти миёнаи умумии № 16 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки тайи як сол аст, ки аз ҳунаромӯзони маҳфили рӯзгордории марказ тарзи тайёр намудани шириниҳо, хуришҳо ва таомҳоро омӯхта истодааст.

- Дар марказ барои таҳсили мо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Омӯзиши ҳунарҳо дар марказ ройгон буда, дар як ҳафта ду маротиба маҳфилҳо гузаронида мешавад, - мегӯяд ӯ.

 Бояд қайд кард, ки аз оғози соли таҳсил талаботи хонандагон дар ҳақиқат ба ҳама намуди маҳфилҳо зиёд буда, майлу хоҳиши ҳунаромӯзон бештар ба дӯзандагӣ, рӯзгордорӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва авиамоделӣ зиёд аст.

 Хуб мешуд падару модарон дар таътили тобистона фарзандонашонро аз мадди назар дур намонда, барои таълиму тарбияи онҳо эътибори махсус зоҳир намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh