Конибодом: ОМИЛҲОИ СОЗГОР - ТАҲКИМБАХШИ ПЕШРАВӢ

Ба оғози соли нави таҳсили 2019 – 2020 - ум дар макотиби оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои башумор мондааст. Бо мақсади таъмини муҳассилин бо ашёи хониши таълимӣ ва либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ дар марказҳои шаҳру навоҳии вилоят ярмарка - фурӯши лавозимоти мактабӣ ташкил шудааст.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар маркази шаҳр аз санаи 16 – уми август ярмарка - фурӯши лавозимоти мактабӣ оғоз ёфт. Бино ба гуфти масъули бахши иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Парвина Абдуллоева имсол дар робита ба ин чорабинӣ масъулини сохторҳои марбута, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Дар ярмаркаи лавозимоти мактабӣ маҳсули коргоҳҳои либосдӯзии шаҳр, ба монанди «Маликабону», «Имдоди Ғайрат», «Фаррух», «Зайнаб», «Гулдаст» ва «Ниҳол», ки ҷиҳози дӯхтаашон босифату дорои дизайни муосир ва арзиши дастрас дар бозори маҳаллӣ мебошанд, ба фурӯш гузошта шудаанд. Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки барои таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо либоси ягонаи мактабӣ байни шуъбаи маорифи шаҳр ва ин коргоҳҳо бобати омода намудани 22 424 адад либоси мактабӣ шартномаи тарафайн баста шуда, то санаи 10 - уми август 12 ҳазор чунин либос омода ва дастраси мактабиён гардидааст, ки он 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бобати омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли хониши 2019 - 2020 Парвина Абдуллоева гуфт, ки то санаи 8 - уми август кулли муассисаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, танҳо сохтмони ҳашт синфхона ва ду кабинети корӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 47, чор синфхона дар мактаби №45, панҷ синфхона ва маҷлисгоҳ дар мактаби №53, толори варзишӣ дар назди мактаби №44, ду устохонаи таълимӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ дар гимназияи шаҳрӣ, сохтмони биноҳои нави таълимӣ барои 330 ҷойи нишаст ва 240 ҷойи нишаст дар назди мактабҳои №№7 ва 52 дар марҳалаи анҷом қарор дорад.

Дар назар аст, ки ин иншооти мазкур дар рӯзҳои оғози соли нави таҳсили 2019 - 2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки алҳол дар шаҳри Конибодом 55 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла як муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 51 муассисаи таҳсилоти умумии миёна, як литсей, як гимназия, як муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва зиёда аз 2400 нафар омӯзгор фаъолият доранд.

Бинобар маълумоти пешакии масъулини шуъбаи маорифи шаҳр, дар соли нави хониш наздик 3500 нафар бачаҳо дар синфҳои якум ба таҳсил оғоз менамоянд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh