Раиси вилоят устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш табрик кард

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният намуд.

Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид дошт, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 1 - уми сентябр ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо як ҷаҳон ифтихору саодат аз ҷониби маорифчиён ва аҳли ҷомеа таҷлил мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки боло рафтани мақому манзалати омӯзгорони заҳматпеша дар ҷомеаи имрӯза боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Омӯзгорон баҳри беҳтар ва густурда ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис усулҳои нави таълимро омӯхта, дар фаъолияташон истифода мебаранд, то ки хонандагону донишҷӯён ҳамқадами замон бошанд.

Зикр гардид, ки вазифаи аҳли ҷомеа ва маорифчиёнро дар замони ҷаҳонишавии пурвусъат муқаррар намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид намудаанд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».

Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва ба таълиму тарбия фарогирии хонандагони болаёқат, рушди мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, иштирок ва ғолибияти толибилмону донишҷӯён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъат ёфтани бунёд, сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ – натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбат ба мактабу маориф арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба хотири рушди илму маориф, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳа, ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли равон маблағгузории соҳаи маориф аз 793 миллион сомонии соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуда, даҳҳо иншооти соҳа мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли нави таҳсилро бо дастовардҳои назаррас натиҷагирӣ намуда, дар рушди нумӯи соҳаи илму маориф ва камолоти маънавии донишҷӯён ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

Сипас, профессор Матлубаи Мирзоюнус ва донишҷӯйи соли аввали факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ Дилноза Охунова аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбат ба маориф ва рушди бемайлони соҳа изҳорӣ хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри тарбияи мутахасисони арзандаи соҳибкасб ва мусаллаҳ бо донишҳои муосир аз тамоми имконот истифода хоҳанд намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар миқёси вилоят 7 мактабҳои олӣ ва 22 мактабҳои миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 3 ҳазору 613 нафар устодон фаъолият доштанд, ки аз онҳо 121 нафар профессору доктори илм ва 784 нафар номзади илм мебошанд.

Дар ин муассисаҳо аз рӯи 119 ихтисос 65 ҳазору 171 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh