ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ…

Соҳиби дониш ва маърифати баланд будан дар зиндагӣ нишони саодатмандӣ ва муваффақияти шахс мебошад. Аз давраҳои пеш то ба имрӯз омӯхтан, аз худ намудани дониш машғулияти муҳим барои инсон ба ҳисоб рафта, тавассути он шахс ба қуллаҳои баланди орзуву муроди хеш мерасад.

Бузургону донишмандони ҷаҳонӣ аз он ҷумла, мутафаккирони тоҷик нисбат ба  донишомӯзӣ фикрҳои хешро иброз дошта, ҷойгоҳи онро бисёр баланд арзёбӣ намудаанд. Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавқеи донишро дар ҳаёти инсон чунин таъриф намудааст:

Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ин ҷо ӯ донишро ҳамчун нур, сарчашмаи равшанидиҳанда таъриф кардааст. Ин мисли он аст, ки босавод шахсест, ки дар шаби ториқ дар даст чароғ дорад ва бо равшании он роҳ мегардад.

Дониш ҷавшан ва сипарест, ки инсонро муҳофизат менамояд. Дар гузашта, вақте ҷанговарон ба ҷанг мерафтанд, ҷавшан мепӯшиданд. Дар дасти худ сипар доштанд, то худро  аз зарбаи шамшер, тири рақиб ва душман муҳофизат намоянд.  Дониш муҳофизагари шахс аз ҳар гуна хатару зарарҳои беруна низ мебошад.

Аз худ кардани ин ё он илмҳои алоҳида дар бораи табиат, ҷамъият ва коинот масъалаи замони мо набуда, ашхоси алоҳида дар ҳазорсолаҳои қабл, рӯ ба илмомӯзӣ ва кашфи назарияҳои нави илмӣ машғул буданд. Форобӣ, Сино, Берунӣ, Хайём ва дигарон, аз ҷумлаи аввалин мутафаккироне буданд, ки дар рушди минбаъдаи илмҳои табиӣ ва ҷамъиятиву дақиқ пояи бузург бино намудаанд.       

Аммо, сад афсӯс, ки бештари мо дар бораи осори он бузургон маълумоти кофӣ надорем, то онро ба дигарон бигӯем  ва аз онҳо ифтихор кунем.  

Таҷрибаи кишварҳои Аврупоӣ нишон дод, ки барои ҳар як мутахассис донистани нозукиҳо ва ҷузъиёти касбии худ, имкон медиҳад, ки ӯ соҳиби кори арзанда шуда, вазифаи худро дуруст анҷом бидиҳад.

Ояндаи мо, ҷавонон аз сатҳи донишомӯзӣ вобастагии зич дорад. Агар хоҳем, ки соҳиби нерӯи бузург, зиндагии арзанда ва мақоми шоиста бошем, пас донишомӯзӣ яке аз самараноктарин роҳҳост. 

Шӯҳрат Саидзода,

дотсент, раиси Шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh