Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави мактаб дар деҳаи Хайрободи ноҳияи Айнӣ

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар бо сохтмони бинои нави мактаб шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бинои нави мактаб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зинҳорбек Исрофилов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 140 хонанда бунёд гардида истодааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар ин раванд соҳибкорону саховатмандон низ бо бунёди бинову синфхонаҳои иловагӣ дар ободонии маҳалли худ саҳм мегузоранд, ки чунин иқдомҳо боиси дастгирӣ аст. Раиси вилоят ба соҳибкор Зинҳорбек Исрофилов барои ташаббуси созандааш изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи пайравӣ хонд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳияи Айнӣ алҳол 66 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 55  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки 18155 нафарро бо таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Шумораи омўзгорон 1719 нафарро ташкил намуда, аз ин миқдор 81% бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh