Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент

12 сентябр дар деҳаи Нофини Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми бозшавии иншооти соҳаи маориф Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карда, бо хонандагону омӯзгорон ва сокинони деҳа мулоқот намуд. Раиси вилоят зимни мулоқот иброз дошт, ки бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат ба пешрафти маориф,  ҳамчун омили асосии пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Таъкид карда шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардидааст. Бино дорои ҳашт синфхона, утоқи омӯзгорон ва утоқҳои ёрирасон буда, барои тасҳсили 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Боиси зикр аст, ки дар  шаҳри Панҷакент 133 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии наздик 60 000 хонанда, аз ҷумла 29173 нафар духтарон фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент 4587 омўзгор, аз ҷумла 2418 занҳо ба таълиму тарбия машғуланд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh