Оини ҳамсоягӣ магар ҳамин аст?

Рӯзҳои охир тибқи иттилои расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои хабарии интернети гузоришҳо бобати мустаҳкам намудани нерӯҳои ҳарбии марзии Ҷумҳурии Қирғизистон ба нашр мерасиданд. Фикр доштем ин талошҳо баҳри роҳ надодан ба низоъ, таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ ва пешгирии ҳар гуна иғвоҳо нигаронида шудааст. Мутаассифона, ин тадбир амали пешаки тарҳрезинамудаи неруҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон будааст, ки ҳодисаи бегоҳи имрӯз рухдода башорати он аст.

Сарҳадбонони қирғиз сарфи назар аз тафоҳуми байниҳамдигари ва қарордодҳо бори дигар ба оини ҳамсоядори иснод оварданд.

Тибқи иттилои масъулин санаи 16 сентябри соли 2019 тахминан соати 18:45 дар кучаи Баҳори ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз яроқи оташфишон ба тарафи сарҳадбонон ва мардуми осудаҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ гардиданд.

Ин кирдор боиси нигаронӣ ва маҳкум буда, ба оини ҳамсоядории нек ҳеҷ мутобиқат намекунад...

Нодир Турсунзода,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh