КАСЕ ПУЛ МЕДИҲАД...

Мардуми шарифи Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ доранд, ки пуштибону маблағгузор ва сарпарасти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва анҷуману ҷунбишу паймонҳояш кистанд!

Наҳзатиҳо имрӯзҳо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом ва озодиву демократия  номеро ба гуруҳи худ гузоштаанд, ки Паймони хиёнатпешагон аст.  Худ қазоват кунед, якчанд хоинони миллат, ки на касб доранду на савод чӣ гуна дар хориҷи кишвар соҳиби толору маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳои тахрибкоронаашон мегарданд ва ё чигуна рӯз ба рӯз аз ин кишвар ба он кишвар сафар мекунанд? Мушаххас ва муайян аст, ки ин нохалафонро хоҷагонашон дастгириву пуштибонӣ мекунанд. Чун Кабирӣ медонад, ки сӯйистифодаи дини мубини ислом дар замоне, ки мардуми кишвар бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръони карим”, дигар адабиёти диниву мазҳабӣ ва гиромидошти хотираи неки пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам (раҳ.) аз арзишҳои динӣ бохабар гаштанд ва дигар мардумро бо омезиш додани андешаву омоли нопокашон ба сураву оятҳои ба ном динӣ гумроҳ карда наметавонанд ва ҳамзамон бо мақсади бори дигар дар Аврупо пайдо намудани хоҷагон номи ташкилоташонро дигар намуданд.

Аслан агар ба фаъолияти он нафароне, ки дар зери эъломияи Паймони миллии Тоҷикистон имзо гузоштаанд шуруъ аз Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варқӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо ҳамагӣ пасмондаҳои ҳамон “наҳзати қалбакии кори одамон”-и гумроҳанд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ва озодиро ба бар кунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопокашон ва гуруҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд. Инҳоро озодандешу, паймонкор ва созмонкор гуфтан нашояд, балки инҳо ҷафокору тахрибкору хатокору ситамкору нобакоранд.

Касе дигар ба ин тӯдаи нокасон бовар надорад, зеро ин нохалафон ҳатто ҳавои мекашидаашон бо супориши хоҷагонашон аст. Ҳатто ҳуқуқи озодона гаштану озодона кору зиндагӣ карданро надоранд, зеро инҳо аз хоҷагонашон забонкӯтаҳанд. Ба истилоҳи “Касе пул медиҳад, суруд фармоиш медиҳад”. Барои ин бепаймонҳо Ватану миллату дину мазҳабу зану фарзанду падару модар ҳеҷ арзише надорад.

Ширкати онҳо дар кори ҷаласаи солонаи конфронси Варшава на ба ҳайси сиёсатмадору роҳбари гуруҳи мухолиф, балки ба ҳайси хиёнаткору ҳунарманди саҳнаи театр мебошад ва барояшон супориш ҳам аз хоҷаашон шудааст, ки касе бештар ҳунарнамоӣ мекунад ва диққати иштирокдорони ҷаласаро ба худ ҷалб мекунад, ҳамон бештар соҳиби мукофоти муфт ва маблағҳои ҳангуфт мегардад. Барои мо шаҳрвандони Тоҷикистон дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниву ифротӣ дигар таъсире расонида наметавонанд. Зеро барои мардуми мо ҳифзи разишҳои милливу давлатӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниву демократӣ болотар меистад.

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент,  мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва
криминалистикаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh