МАРДУМИ ИТТИФОҚЕМ, КИШВАРИ ИТТИҲОДЕМ

Миллати тоҷик аз гузаштаҳои худ дарси ибрат гирифтаву як қавму миллат будани хешро амиқ дарк кардааст. Зеро ҳар қавму миллате агар сарҷамъу якдилу якзабон бошад, пас беватану бехона нахоҳад монд. Таърихи ҳастии тоҷикон, ки асрҳои зиёдеро дарбар мегирад бо ваҳдату якдилӣ, зиндагӣ карда, миллати тоҷикро номдору шӯҳратдор ва кишвари мутамаддину устувор ба мо мерос додаанд.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар саҳм гузорем.

Якдилонаю якзабона ба Кабирӣ ва дигар пайравону думравонаш гуфтаниям, ки ин бадномкуниҳои шумо ва тӯҳматҳои ноҳақӣ шуморо нисбати сарвари давлат беасосос меҳисобем ва онро маҳкум хоҳем намуд.

Ба Кабирӣ, Гадоев Шарофиддин, Алим Шерзамону Илҳом Ёқубови “озодхоҳ” тавсия хоҳам дод, ки ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мегӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст.

Хоса аз ҳамаи ҳамватанони азизам даъват ба амал меоварам, ки ҳамеша ба хотири ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии Ватанамон ақидаҳои созанда пешниҳод кунем. Ба касе иҷозат надиҳем, ки амалҳои ношоистаи хешро дар кишвари мо амалӣ намояд.

Азбаски ҷавонон қишри асосии ҷомеаро дар бар мегиранд, маҳз гурӯҳҳои тундрав ба ин насл бештар такя мекунанд. Он ҷавоне, ки донишу маърифати сиёсӣ дораду хатари оқибатҳои ин амалро бахубӣ дарк мекунад, худро дур аз ин амалҳои номатлуб мегирад.

Мавлонова Маърифат,
 мутахассиси шуъбаи ВАО-и ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh