Ҳизби наҳзат дар ҷаҳон хатари воқеист

Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстримистӣ ва террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарвари он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ў барбод рафтанд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.

Гурўҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст мезананд. Ҳамчунин мехоҳанд, бо ин кирдорашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд.

Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои мурими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Дар замони муосир, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифати нави инкишофу пешрафт қадам гузоштааст, роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангию миллӣ ва ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон ба миён омадааст.

Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки суботу оромӣна танхо дар Тоҷикистон метавонад тахти таъсири раванду руйдодхои ҷахони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани тахдиди хатархои нав, аз кабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар чинояткорихои муташаккили трансмиллӣ балки дар давлатҳои ҷаҳон низ осебпазир гардад.

Ҷаборова Қ.И., Сангинова С.Ҳ.,
дотсентони кафедраи умумидонишгоҳии
забони русии ДДХ

Add comment


Security code
Refresh