ОВОРАГАРДӢ ДАР ВАРШАВА

Илҳом Ёқубов яке аз савдогарони номуваффақе аст, ки қоидаҳои оддитарини бозорро намедонад. Зеро ӯ як умр дар мағозаҳои ин ё он созмон бо савдогари машғул гардида, аз худ номи “нек” гузоштааст. Маҳз дар мағоза савдогарӣ кардани Илҳом ба ӯ имконият медиҳад, ки 24 соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дохил гардида, дар вақти савдо аз худ мақолаву вокунишҳои иғвоангезро паҳн намояд.

Аз санаи 16-ум то 26-уми сентябр Илҳоми баққол ба “мағозаи САҲА” воқеъ дар шаҳри Варшава буда кӯч бастааст. Дар ин муддат ӯ орзу дорад, ки савдояш тез шуда, фоидаи муфт ба даст орад. Баъди анҷоми маҷлиси САҲА, аниқтараш “бозори САҲА” бору бӯғчаи худро ба дигар “бозор ва ё мағоза” мебарад. Мумкин аст дафъи дигар дар “мағозаи Иттиҳоди Аврупо” ва ё дигар созмону ташкилоти ғарбӣ.

Дар Конфронси Варшава ӯ кушиш ба харҷ дода истодааст, ки барои ӯ иҷозат диҳанд то дар муддати 5 дақиқа дарди дили худро изҳор намояд. Илҳоми хоин бо мақолаи иғвоангезӣ худ, низоми давлатдории Тоҷикистонро сияҳ ва мазаммат менамояд. Сиёсати давлати моро нодида гирифта, бо буҳтону суханҳои пуч  бадном карданист. Илҳом Ёқубов, ки дар хориҷа қарор дорад имрўз аз вазъи кишвар огаҳӣ надоранд. Ин зархариди хориҷиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷар мезананд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафедкунанда бароварда нашудааст. Ин нукта аз нодонии ӯ дарак медиҳад. Зеро тибқи моддаи 307 қисми 3-и Кодекси Ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолате, ки гумонбар ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар созмони фаъолиятааш манъшуда даст кашида, назди мақомот ҳозир шавад ва дар сурате, ки дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Барои Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони ӯ модаи мазкурро нодида гирифта, мақомоти қудратии моро ва махсусан ҳокимияти судиро танқиди беасос мекунад. 

Мо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мекунем, ки адолати судӣ дар Тоҷикистон пойбарҷост. Шахсоне, ки ҷиноят содир карданд ва ба гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил буданд, мувофиқи гуноҳашон ҷазо гирифтаанд. Чӣ бадӣ дар он аст, ки ҳазорҳо нафаре, ки ба чунин ҳаракатҳо шомиланд, ҷазо бигиранд! Агар беҷазо мемонданд, он кори бад мешуд. Лек барои Илҳом Ёқубов ҷинояткор бояд ҷазо нагирад ва ӯ худро шахси ҷабрдида хаёл мекунад. Лек ӯ ба мисли Кабирӣ ҷинояткорони сарсахтанд.

Мирзобаев М. – мудири бахши
кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh