Муаммои ҷиддитарини инсоният ҳушдор медиҳад!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва монанди ин падидаҳои номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, терроризмро вабои аср мегӯянд. Терроризм чунин шакли гурӯҳҳои ҷинояткор буда,ба марги беасоси мардум, талаву тороҷи молу мулки онҳо, тарсонидани онҳо сабаб мешавад.

Маълум аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо омили калиди роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи рушди устувор дар сатҳи минтақавию байналмиллалӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин мавриди нигаронист, дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини Ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарнокро овардааст.

Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳва ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос  аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худистифода мебаранд.

Сабаби асосии густариши экстремизм, радикализм  мавҷудияти ҷавонони боқувват ва серҳаракат, аммо бе ҷойгоҳ дар ҷомеа, беоянда, беилоҷ мебошад. Чунин вазъ дар ҷавонон бадбинии оштинопазиронаро нисбат ба ҷомеа ба вуҷуд меваорад. Дар зиндагии ҳаррӯза бунёдгароии ҷавонон бештар дар шакли рӯҳия зоҳир шуда, низоми ақидаҳова эҳсосоти ифротиро ифода менамояд. Ноқаноатмандии як идда ҷавонон аз зиндагӣ дар шакли бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон, хусумати қавмию миллӣ ва бунёдгароии ростгаро рӯнамо мегардад. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷалби ҷавонони синни 20 то 35 сола мебошад.

Барои аз байн бурдани ин раванди ниҳоят хатарнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои асосии зуҳури он муайян карда шавад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки бо вуҷуди муддати зиёд мавриди амал қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, то ҳанӯз ҳолатҳои ба таври пурра ва дахлдор риоя накардани меъёрҳои он аз тарафи масъулин эҳсос мегардад, ки ин боиси коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, аз таълим дур мондану ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул шудан, ба ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла, ҷиноятва дигар амалҳои номатлуб даст задани онҳо мешавад. Ҳолатҳои ҷойдошта дарвоқеънигаронкунанда мебошанд ва аз падару модарон, дигар муассисаву ташкилотҳои ваколатдор масъулияти бештарро вобаста ба иҷрои меъёрҳои қонунгузорӣ тақозо менамоянд.

Мӯъминова Шаҳзодахон,
мудири кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh