ЯК ПУЛИ ПУЧАК

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ ба шумор рафта, тамоми ҳуқуқу озодиҳои ӯ  аз тарафи давлат кафолат дода мешавад ва ҳар нафаре, ки дар доираи қонун кору фаъолияташро ба роҳ мемонад, аз тамоми озодиҳо бархӯрдор аст. Ҳама он тағйироту пешравиҳое, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ омадаанд, сифр ба хотири беҳсозии зиндагии мардум аст. Дар зарфи 28-сол сатҳи зиндагии ҳар хонаводаи тоҷик ба таври чашмрас рушд кардаву боло рафт. Аз ҳама муҳим, халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳпарвар ва тамаддунофар муаррифӣ гардид.

Барои ин ҳақиқатро пазируфтан Тоҷикистони имрӯза 27-28 сол муқаддам, бо айби ба ном «наҳзатиёни исломӣ» баринҳо оғӯштаи хоку хун гашта буд, ки имрўз боз даъвои ватану ватандорӣ мекунанд. Шукронаи давлатдории муосир, ки тавассути васоити ахбори омма хабарҳо оид ба истифода додани иншоотҳои гуногуни муҳими давлатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ пахш мешавад. Имрӯз мо - ҳама тоҷикистониён аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат розиему шукргузор. Ғайри шумо, барин беватанҳо ва хоинони миллат, ки дар дил танҳо бухлу ҳасаду кина дигар ҳеҷ чиз надоред. Худро чун мурғи посӯхта ба ҳар дар мезанед. Чунки ин ҳама ободкориҳо хилофи нақшаҳои тарҳрезишудаи шумову хоҷагонатон аст.

Чанд рӯз инҷониб дар сомонаҳои интернетӣ, махсусан, «Фейсбук» ва “Ютуб” дар бораи баргузории ҷаласаи навбатии САҲА, маводҳои зиёде ба нашр мерасанд. Бояд қайд намуд, ки сомонаҳои кисагии ТТЭ ҲНИ, “имзо”-и ба ном Паймони миллӣ байни аъзои як гурӯҳро чунон ба қалам додаанд, ки гӯё миллати огоҳи тоҷик аз нақшаҳо ва амалҳои шуми наҳзатиён хабар надошта бошад. Аммо аксари шаҳрвандони худогоҳи Тоҷикистон дақиқ медонанд, ки ин ҳама созмону созмончаҳо, ки гӯё муттаҳид шуданд, маҳз бо ташаббуси ТТЭ ҲНИ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва нақши молиявии хоҷагони хориҷии онҳо таъсис дода шуда, аъзои ангуштшумор доранд. Ин амалкардҳои наҳзатиён дар хориҷи кишвар, низ ба хандахариш шудани онҳо сабаб гардид.

Қобили таассуф аст, ки тавассути минбари ба ном «бонуфўз»-и САҲА (аслан кайҳо боз нуфўзи худро аз даст додааст) на сиёсатмадорон  балки хоинон, ба амсоли Илҳом Ёқубову Муҳиддин Кабирӣ даъвои ватанпарастӣ мекунанд ва «сухан» ронда дар бораи як кишвар «фикр»-у «андешаҳо»-и беасоси худро баён намоянд. Ин ҳолат ба гурбаи тар ва гуруснае монандӣ дорад, ки ҳайрон аст даъвои хўрданӣ дошта бошад ё пинҳон шудан дар ягон кунҷи танҳоӣ.

Дар асл, Муҳиддин Кабирӣ барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳеҷ кас нест. Таассуфовар аст, ки дар ҷаласаи САҲА чунин нафарони ватанфуруш ва бозорӣ ба минбар баромада, Тоҷикистонро туҳмат кардаанд. Бояд қайд кард, ки мақоми САҲА то ба дараҷае расидааст, ки аз одамони пасту белаёқате чун Кабирӣ, ки умри хешро бо фиребу ҳиллаву найранги ТТЭ ҲНИ гузаронидааст, робита пайдо карда, обрўйи худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ резонда истодааст. Чанд ҳарфе, ки Илҳом Ёқубов  доир ба озодии сухан ва ҳуқуқи озодиҳои шаҳрванд баён кардааст, оё ба моҳияти он ин бозорӣ расида метавонад ё не. Аз ҷумлаҳои подарҳавои Илҳом Ёқубов маълум, ки ӯ аз кўчаи суханварӣ нагузаштааст ва забони русиро низ дуруст намедонад. Бесавод аст. Чӣ гуна ин ноогоҳону бедонишон дар бораи дониш ҳарф мезананд. Аз гуфтаҳои Илҳом Ёқубов бар меояд, ки ў ҳатто мактаби миёнаро дуруст нахондааст. Агар дурусттар дар бораи ин ватанфурўш маълумот ҷамъ карда шавад, маълум мегардад, ки маърифати ў сатҳиву бебунёд аст.

Дигар ба касе пӯшида нест, ки дини ислом барои роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ ва паймони ба но миллӣ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб шуда, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надошту надорад. Сарфи назар аз гузашту ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҳзатиҳоро марому мақсад дигар буду ин раванд аз ҷониби хоҷагонашон муайян ва мушаххас мегардид. Бояд тазаккур дод, ки бисёр нақшаю ниятҳои душманонаи наҳзатиён ба зидди миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» аз забони собиқ аъзои фаъоли ин ҳизби террористӣ Айёмиддин Сатторов, маъруф бо номи «Эшони Айёмиддин» садо дода, парда аз рӯи асрори нангини ТТЭ ҲНИ бардошт.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh