Хоинон: зидди оромӣ дар Тоҷикистон

Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байнимамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд. Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлуб напазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд.

Агар мо ба заминаҳои асосии ҷараёнҳои номатлуб дар замони муосир назар афканем, он аз зиддиятҳои гурӯҳӣ, манфиатҳои шахсони алоҳида ва суханбозиву дасисагӯиҳои баъзе аз диндорони ҷоҳил, ки имрӯз диққати мардумро бо ҳарроҳу восита ба худ мекашад, иборат мебошад. Пайдоиши ҳар гуна ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бархеи онҳо бо мақсадҳои ғаразнок фаъолияти худро байни мардум паҳн мекунанд, решаҳои худро доранд ва онҳо таҳти сарпарастии ашхосе идора карда мешаванд, ки онҳо паси парда ниҳонанд. Ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар асрҳои миёна низ дида мешуданд, ки онҳо низ мақсад, вазифа ва ғояҳои худро доштанд.

Имрӯзҳо ҳизбҳои террористӣ ором нанишаста барои ноором сохтани ҷомеаи муосири ҷаҳон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд. ДИИШ ва дастпарварони онҳо барои ноором сохтани ҷомеаи кишварҳои Осиёи Миёна чашм ало кардаанд. Яке аз дастпарварони онҳо роҳбари гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ноором сохтани ҷомеаи тинҷи сулҳофари тоҷиконро вайрон кардан мехоҳад ва он амале, ки онҳо дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ташкил кардаанд аз ҷумла дар вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат карданд. Боз  ҳизби террористи экстремистии  ҲНИТ -  имрӯз дар вилояти Суғд амалҳои номатлуби худро бо даст дигарон амалӣ карданӣ истодаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки мафкураи мардуми тоҷик ҳоло ҳам дар солҳои 90 – уми асри гузашта қарор дорад. Не! Онҳо куллан хато карда истодаанд мо ҷавонони даврони истиқлолият зидди ин ақидаҳои номатлуби наҳзатиёни ватанфурӯш буда   ин амали нангинро якҷоя бо мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш намесозем ва барои мубориза бурдан бар зидди ин гуна ташкилотҳо ҳамаҷониба мубориза мебарем  ва намегузорем, ки ҷомеаи тинҷ ва ороми мардуми тоҷик доғи сиёҳро ба худ гирад.

Норов Исматулло,
 омӯзгори КЗД ва Ҷ - и ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh