Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзат солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид. Амалҳои  роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати тоҷик равона гардидаанд. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид.

Фаъолони ТТЭ ҲНИ фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд.

Пас аз хок хӯрдани тирашон дар соли 2015 роҳбарони фирории ин ҳизб, ки ҷиноятҳои сангини зиддиинсонӣ содир карда буданд, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, дар муқобили Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд.  Онҳо худро ҷабрдидаю мазлум нишон медиҳанд ва сармоя ба даст меоваранд. Ин гурӯҳи дурӯғпеша дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанд, аммо имрӯз дар Аврупо ва минбари САҲА аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд. Аҷиб ин аст, ки намояндагони баъзе давлатҳо бахусус созсони САҳА дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд.

Имрӯз амалҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор Истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун лӯхтак дар бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангини таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, ноором кардани сулҳу суботи Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.

Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ наҳзатиёнро нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро аз мутолиаи гузоришҳои ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, ёфтан мумкин аст.

Ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, мунтаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Хушбахтона, Тоҷикистон аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид.

Ҳеҷ як фарди худогоҳи кишвар бояд фаромуш накунад, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада аст, то ҳоло аз мақсади худ даст накашидааст.

Р.УСАНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh