Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод гулчанбар гузоштанд

Дар маркази ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод гулгашти зебою замонавӣ сохта шуда, Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ қомат афрохтааст.

Бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар як фарди шарафманд ва бонанги ноҳияро бедор месозад.

Ҷиҳати ободу зебо гардондани маркази ноҳия ва ба макони дилписанд барои сайру гашти сокинон табдил додани гулгашт дар роҳравҳо,  атроф ва назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ аз гулгашт ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба шаҳраки зебою замонавӣ табдил додани маркази ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказ ва деҳоти ноҳияи Файзобод ободу зебо гардида, бо бунёд ёфтани биноҳои баландошёна ва дигар иншооти маъмурию маишӣ маркази ноҳия ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳамарӯза сокинони ноҳияи Файзобод ба сайру гашт баромада, шомгоҳон дар фазои орому осуда истироҳат менамоянд.

Add comment


Security code
Refresh