ОЗОДФИКРӢ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БЕҲ АСТ

Имрӯз дар кишвари азизи мо озодфикрӣ ва озодандешӣ ҳукмфармо мебошад. Дар саросари кишвар масҷидҳо, калисоҳои насронӣ ва ибодатгоҳҳои дигар динҳо ба таври озоду обод фаъолият намуда истодааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногуншаклии мафкуравӣ амалӣ карда мешавад. Муқаррар намудани як мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ ё умумии ҳатмӣ амали ғайри қобили қабули ҷомеаи мутамаддин мебошад. Ин муқаррарот маънои онро дорад, ки на Конститутсия ва на ягон санади дигари қонунгузорӣ набояд ба таври мустақим ё ғайримустақим кадом як мафкураро ба ҷомеа таҳмил намояд. Меъёри конститутсионӣ, ки тибқи он ягон мафкура наметавонад ба сифати мафкураи давлатӣ ё умумии ҳатмӣ муқаррар карда шавад, таҳкими баробарҳуқуқии мафкураҳоро дар ҷомеа кафолат медиҳад. Ҳеҷ мафкурае нисбат ба мафкураҳои дигар наметавонад афзалиятдошта бошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ин ё он мафкураро дастгирӣ намуда, баҳри татбиқи он дар амал чораҳо андешанд. Дар айни замон интихоби онҳо бояд ихтиёрӣ ва мустақилона бошад. Давлат наметавонад ба шаҳрвандон ягон мафкураро таҳмил кунад ва онҳоро таҳти ваҳму ҳароси ҷазои ҷиноятӣ ва ё дигар намудҳои ҷазо ўҳдадор кунад, ки онро ҷонибдорӣ карда омўзанд ва ташвиқу тарғиб намоянд. 

Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи САҲА дар сўҳбати худ бо телевизиони СА.TV зимни перомуни масъалаи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд, ки ду нуқтаи муҳимро мехоҳад ба ҳозирин муаррифи кунад: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ҳамоиши барпогардида мебошад.

Ду нуқтаи муҳим аст, ки метавон онро бо бовари ба ҷомеаи ҷаҳони муаррифӣ кунем аввал ин, ки дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқи барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст, зеро дар сатҳи қонуни асоси ва ҳам дар сатҳи қонунҳои соҳави озодиҳои дин ҳамчун як арзиши муҳими ҷомеа ҳимоят шуда ва Тоҷикистон як ҷомеаест, ки дар конститутсияи он ҳам ҳуқуқи пайрави кардан ба дин ва ҳам ҳуқуқи пайрави накардан аз дин, ки ҳардуяш барои ҷомеаи мутаммадин муҳим аст ҳимоя шудааст ва ҳамчунин як нуқтаи муҳим аст, ки як шароите фароҳам шудааст, ки ташкилотҳои динӣ ё иттиҳодҳои динӣ ва чуноне таъкид мекунад дини зеро, иттиҳодияи дини ин иттилои шаҳрвандони сулҳомез барои пайрави аз дин ва барои татбиқу амали кардани ибодатҳои динии худ аст.

Ҳамин тавр, дар партави гуфтаҳои Абдуллои Раҳнамо метавон ишора намуд, ки дар кишвар озодии фикр, озодии виҷдон ба пуррагӣ амал мекунад. Баромаду суханрониҳои хоинон дар ҷаласаи Варшава ягон қувваи юридикӣ надорад. Наҳзатиён бо роҳбарии Кабирӣ мехоҳанд аз худ як симои ҳимоятгарро сохтанӣ бошанд. Лек нақшаи онҳо хок хурд. Мардуми тоҷик дигар ба сухани онҳо боварӣ намекунад.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh