СУҒД: 1500 нафар ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

Санаи 6 - уми октябри соли 2019 дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд зикр дошт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳала даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

 - Боиси ифтихор аст, ки гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое баргузор шуда истодааст, ки мардуми кишвар бо рӯҳияи болидаву дили пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сари баланд таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар нисбат ба Ватан ва арзишҳои он нишон медиҳанд, -таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии пурмуҳтавои хеш.

Мавриди зикр аст, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб ёфта, вобаста ба ин таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамоянд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ, далели садоқати онҳо ба арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва ормонҳои миллӣ мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон, дар суханронӣ зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, нақшаи даъвати баҳории соли 2019-умро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда иҷро намуд, ки ин дар навбати худ, аз болоравии ҳиссиёти худшиносии милливу ватанпарварии ҷавонони суғдӣ башорат медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар вазъияти имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, ба ҳукми анъана даромадааст, ки солҳои охир падару модарон ба қисмҳои ҳарбие, ки фарзандонашон адои хизмат доранд, сафар намуда, бо тарзи хизмат, шароит ва вазъи зиндагии фарзандон аз наздик шинос шаванд. Ин тадбир агар, аз як тараф, барои хотирҷамъӣ ва осудахотирии падару модарон нисбати хизмати фарзандон дар сафҳои Артиши миллӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омили муҳим маҳсуб мешавад.

Соли равон низ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати ошно шудан бо вазъи зисту зиндагонӣ ва аёдати сарбозон гурӯҳи волидон ба қисмҳои ҳарбии ҷануби кишвар рафта, бо шароити хизмати фарзандонашон аз наздик шинос гардиданд.

Падару модарон боварӣ ҳосил карданд, ки имрӯз барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳалаи байнидаъватӣ баргузоргардида боиси он шуд, ки дар ин рӯз 1500 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аксарияташон бо амри дил ва талаби виҷдон, ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд.

Раиси вилоят дар фарҷоми суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ дар рӯзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан камари ҳиммат мебанданд.

- Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ - сокинони вилоят - аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзҳои Ватани азизамонро аз ҳама гуна амалиётҳои таҳрибкорона ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи нахусти гусели даъватшавандагон ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин намуданд.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh