Ошкоршавии амали ватанфурӯшон

Ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми то ҳол аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст.

Барои пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар чанд ҳизб фаъолияти худро оғоз намуданд, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом. Аммо, дар муддати кӯтоҳ худро чун ҳизби экстремистию террористӣ нишон дод ва фаъолияташ боздошта шуд. Аъзои ин ҳизб, ки аз берун истода, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтонҳо мекарданд, акнун мекӯшанд, ки худро сафед кунанд. Борҳо аз минбарҳои баланди хориҷи кишвар суханронӣ карданд, аммо касе ба онҳо гӯш ҳам накард.

Вақте сухан дар бораи озодии инсон меравад, онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки ҳақиқат дар куҷост, ҳуқуқи киро ҳимоят мекунанд, дар шахсияти онҳо чиро мебинанд.

Роҳбарони мухолифин худро назди ҷаҳониён аламзада вонамуд карда, тамоми халқи Тоҷикистонро золим нишон додан мехоҳанд. Дар тамоми расонаҳои хабарии кишвар оид ба ноҳаққии нишасти САҲА дар Варшава сухан меронанд.

Бо вуҷуди он ки онҳо намояндаи созмони ҳимояти ҳуқуқи инсон ҳастанд, лекин дур аз ҳақиқат амал мекунанд.

Албатта, давлати азизи мо сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст, лекин ин чунин маъноро надорад, ки ҳар як нафари нохалаф ва созмони ақидаҳои бардурӯғро ҳимоякунанда ҳукумат ва сиёсати адолатпешаи Тоҷикистонро сарзаниш намояд.

Устодони
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh