Дурӯғпардозии Кабирӣ дар саҳнаи сиёсат

Дирӯз дар нишасти Варшава, ки аз ҷониби САҲА баргузор гардид, роҳбари хатарбори ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худ асрори баҳсбарангези ташкилоташро кушод. Ӯ иддао намуд, ки ӯро террорист ва экстремист меноманд ва ин, албатта, барояш мақбул нест. Зеро ягон дузд намехоҳад, ки вайро дузд гӯянд. Аммо чӣ кунем, ки воқеият чунин аст. Ин хоин инро далел хонда худро сафед карданист, аммо афсӯс, ки чунин ҳолатро аз чашми халқ пинҳон карда намешавад.

Амалҳои террористии аъзо ва пайравони ТТЭ ҲНИ ҳанӯз солҳои 90 - уми асри гузашта ошкор гардида буд. Зулму ситам ва бедодгариҳои наҳзатиёнро мардум нағз дар хотир доранд ва то ҳол фаромӯш накардаанд. Шумо либосро, формаро иваз кардаед, лек рафтор, гуфтор ва пиндор ҳамон аст. Яъне хиёнаткорӣ, ҷинояткорӣ, зулму ситам намудан аз барномаву стратегияи кори пайравону аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад. Ман намехоҳам, ки ҳамаро ошкоро ин ҷо рӯи сафҳа орам, танҳо чанд хотираро иншо месозам. Соли 2016 иттифоқан дар Русия бо мӯйсафеде вохӯрдам, ки аз вилояти Хатлон буд. Вай тоҷикистонӣ буданамро донист ва суҳбатамон тӯл кашид. Пурсидам, ки дар ин ҷо чикора ҳастӣ?

Гуфт. “Ин ҷо зиндагӣ мекунам ва шаҳрвандии ҳамин кишварро дорам”. Вай ба ман аз гузаштаҳояш қисса кард, ки ба ТТЭ ҲНИ низ рабт доштааст.

Гуфт, моро гумроҳ карда, ба тарафи Афғонистон гуреза намуданд ва вақте ки бору банд мекардем, падарамро ҳам ҳамроҳи худ гирифтам, ки ҳамон вақт хеле пиру роҳ рафта наметавонист. Вақте ки дар лаби ҷӯйбор падарамро гузоштаму борхалтаро ба он сӯ бурда, баргаштам, як муҷоҳид аллакай бо снайпер падарамро қатл намудааст. Фиғон бардоштам, вале касе ба додам нарасид. Дар ҳамон ҷо саросема падарамро зери як ваҷаб хок гӯронидаму роҳро идома додам. Вақте пурсидам, ки чаро чунин кардӣ, наҳзатӣ гуфт: - Падарат пир аст, дигар ҷанг карда натавонад, хӯрандаи зиёдатӣ ба мо чӣ лозим?!

Ҳамон ҷо фаҳмидам, ки ин муҷоҳидони наҳзатӣ моро фиреб додаанд. Ҳаёти сангин ва сахте дар Афғонистон доштем, вале ҳамааш паси сар шуд. Аммо ман, ки наметавонистам дар Тоҷикистон дигар байни аъзои ТТЭ ҲНИ пайдо шавам, аз Ватан гурехтам ва чандин сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ дорам”.

Ин як намунае аз амалҳои террористии аъзо ва пайравони ҳизби Кабирӣ мебошад, ки то ба ҳол доғаш боқӣ мондааст. Боз ҳамин гуна мисолҳоро метавонам садҳо оварам. Вале фақат аз ҳамин амал хулоса кардан мумкин аст, ки дар китоби муқаддаси тамоми мусалмонон куштан ва бераҳмӣ нисбати инсон манъ аст. Аммо ҳизбе, ки худашро содиқ ба дини Ислом меҳисобад, пас чаро инсонҳоро ба қатл мерасонад? Ин амал дар куҷо раво дониста шудааст? Ин танҳо дар супоришхонаи ҲНИ буд, ки инсонҳоро мекуштанду ба хоҷагони хориҷияшон ҳисобот медоданд. Ин аз амали мудҳиштарини инсонӣ ба ҳисоб меравад. Пас чаро чунин палидонро террорист нагӯем?

Ин воқеияти талхест, ки Кабирии сарсахт намехоҳад, қабул намояд ва аз он ҳамеша мегурезад, то дигарон аз ҳиллаву найрангаш ва муносибати некаш бо охундҳои аврупоӣ огоҳ нагарданд. Ба ҳамин хотир мехоҳад, дар симои нав ва бо номи нав супориши хоҷагони хориҷияшро иҷро кунад ва то метавонад, дурӯғ мегӯяд, то ин ки гуноҳро аз сараш соқит кунад. Аммо бехабар аз он ки ҳамаи гуноҳҳояш ва амалҳои террористиаш кайҳо исбот гардидаасту мардум ӯро ҳамчун дасти рости Усома бини Лодан мешиносанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кӯшиш мекунанд, ки дигар аз номи ТТЭ ҲНИ баромад накунанд ва фақат аз ниқоб истифода баранд. Эшон дар он ҷо худро мухолиф ва ё гурезаи сиёсӣ эълон кардаанд, вале бештарашон собиқаи ҷиноятӣ доранд ва ин амали зишташон ҳатман рӯзе ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор хоҳад гашт.

Иддаои дигари Кабирӣ ин иштироки чанд нафар гумроҳон дар ДОИШ мебошад, ки аксарияти онҳоро шахсан худи Кабирӣ бо роҳҳои фиребу найранг ва макру ҳилла ба он ҷо фиристодааст. Махсусан, Кабирӣ бо ҷиянаш дар Туркия иқоматгоҳ таъсис дода, чандин ҷавононро гумроҳ намуда, ба Сурия фиристод. Аз хоҷагонаш пул гирифта, онҳоро тариқи Туркия ба созмони террористӣ ҳамроҳ кардааст. Инро ҳама медонанд ва ҷавононе, ки даъвати Кабирии чапаргӯшро напазируфтаанд, боз беҳтар медонанд.

Парвизи Машҳур,
омӯзгори Донишкадаи
кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh