ТАНАЗЗУЛИ ТТЭ ҲНИ

Пас аз гузашти таърих, раванди комёбиҳои Тоҷикистони  соҳибистиқлол ҳоло ҳамҳадафи Кабирӣ пас аз барҳам хурдани «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ки дар кишварҳои дигар сохти имрузаи Тоҷикистонро бо бӯҳтонҳои зиёд сиёҳ карданӣ ҳастанд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвараш генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта, ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Ин ҷо ҳам адвокатҳои наҳзатӣ бояд донанд, ки манъ кардани ҲНИ ба шартномаи сулҳ ягон муносибат надорад, чунки ҲНИ-ро барои он ҷиноятҳои вазнини ДОИШ-ияш набастаанд, балки барои дар соли 2015 бо супориши кишвари хориҷӣ тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва амалӣ кардани кӯшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона бастаанд. Барои чунин амали зишт давлат бояд нисбати ин ташкилот чӣ чора медид?

Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корбариашон ҳам як аст.  ДОИШ, «Ал-қоида», «Толибон» «Боку Ҳаром» ва «ҲНИ» номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст.

Имруз ниходҳое бо сарвари ҳНИ эътибор ва нуфузи онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле паст  бошад ҳам моро водор месозад, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, дар байни ҷавонон корҳои тарбиявиро пурзӯр кунем.

Р.ИЗАТУЛЛОЕВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh