КАБИРӢ ВА ИҒВОГАРИҲОИ Ӯ

Фаъолияти ҲНИ чун ҳизби терористию экстримистӣ дар саҳифахои таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиклоламон доғи сиёҳеро гузошт.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ зери шиори озодихоҳона онҳо ба саҳнаи сиёсӣ баромада,бо мақсаду ниятҳои нопоки худ боиси ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ гардида буданд.

Наҳзатиён худро мусулмони комил пиндошта бо истифода аз номи дини мубини ислом хостанд тинҷию оромиро халалдор намуда, соҳиби ҳокимияти сиёсӣ гарданд.

Ҷанги шахрвандӣ, ки амалкарди ин наҳзатиён буд, ба ҷомеаи тоҷик чӣ қадар ҳисорот овард, мо фаромӯш карда наметавонем.Фаъолияти сиёсии ин ҳизб то лаҳзаи қатъ гардиданаш нишон дод, ки роҳбари ҳизб ва раёсати он ба амалҳое даст задаанд, ки зидди сохтори конститутсионӣ буд. Хушбахтона бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-01-2015 фаъолияти ин ҳизб мамнуъ ва чун ташкилоти терористию экстримистӣ эълон гардид .

Роҳбари ин ҳизби мамнуъгардида -  М.Кабирӣ худро чун рубоҳи маккор нишон дода, дар хориҷи  кишвар хизматгори хочагони худ гашта, бо ҳар гуна сухану иғвохои бад ба ин сулҳу салоҳу амнияти мо монеа эҷод карданист. Чи хеле ки мо огоҳем,  имрӯзҳо дар Варшава ҷаласаи солонаи САҲА доир шуд. Аъзоён ва пайравони ин ҳизби мамнуъгардида бо сарварии Кабирӣ дар ин ҷаласаҳо ширкат варзида боиси дар арсаи ҷаҳонӣ паст гардидани мавқеи сиёсии давлатамон шуда истодаанд. Худро чун мусичаи бегуноҳ нишон дода бо суханҳои туҳматангезу иғвогарона ободкориҳои кишвари моро нодида гирифта,  мехоҳанд дар ин минбарҳои баланд худро “тоҷики асил” нишон диҳанд.

Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ огоҳ гардидааст, ки ҲНИ ТТЭ аст ва пайравони он дар хориҷа паноҳ бурда, аз ҳисоби маблағгузорону сарпарастони хориҷии худ тайёранд худ ва модару ватанашонро фурӯшанд.

Албатта,  ин нияти нопоки  онҳо ба ҳама соҳаҳо таъсир расонид. Мо ҷомеаи тоҷикон, пайрав ва ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, зеро саҳми ин марди хирад ва ватандӯст буд, ки мо имрӯз тинҷу ором зиндагонӣ менамоем.

Анвар САИДОВ,
омӯзгори Донишкадаи  куҳӣ металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh