Сарчашмаи гумроҳӣ бехабарист

Илму дониш дар зиндагии башарият аз мақоми веҷа бархӯрдор буда, чун чароғи раҳнамое инсониятро ба олами нуру зиё ҳидоят кардааст. Нафаре, ки аз донишу хирад баҳравар гаштааст, дар зиндагии худ таҳаввулотеро ба вуҷуд оварда, боиси осоиш ва некуаҳволии дигарон низ шуда. Агар илму дониш одамиро насиб намегардид, ҳанӯз дар рӯзгори ибтидоии хеш бо ҳазорон зиллат умр ба сар мебурд.

Маҳз, аз баракати илму дониш буд, ки аҳли башар, баробари рубъи маскун, то ба сайёраҳои дигар роҳ ёфта, барои худ зиндагии шоистаро офарид. Вақте ки тарзи зиндагии имрӯз бо гузаштаи дур муқоиса мешавад, ба хубӣ метавон фаҳмид, ки инсоният ба чӣ дастовардҳое ноил шудааст, ки ин ҳама аз баракати илму дониш мебошад.

Таваҷҷуҳ ба тарзи зисту зиндагии мамолики пешрафта маълум менамояд, ки онҳо ба илму дониш ва ашхоси мутабаҳҳир эҳтиром қоил будаву ин омили саодат ва хушбахтиро арҷ мегузоранд. Баръакс, вақте ба зиндагии мардуми кишварҳои оқибмондаву фақрзада менигарем, мебинем, ки онҳо ба омӯхтани илму дониш таваҷҷуҳ накарда, умри худро бо азиятҳои тоқатфарсо паси сар менамоянд.

Дарвоқеъ, кишварҳои ақибмонда, ки сабаби асосии ба ин мусибат дучор гардиданашон бесаводиву беаҳамиятӣ нисбат ба донишафзоиву саводомӯзӣ мебошад, аҳолии онҳову сарнавишташон бозичаи дасти абарқудратон мегардад. Гуфтан бамаврид аст, ки бесаводӣ натанҳо боис мегардад, ки шахс дар ҳолати фақириву бенавоӣ зиндагӣ мекунад, балки дар зери таъсири мафкураву фарҳанги бегонагон монда, мавриди истифодаи ғаразноки манфиатҷӯён қарор мегирад.

Сарнавишти як қатор кишварҳои ҷангзадаву дучори мусибатшуда нишон медиҳад, ки онҳо нахуст зери таъсири мафкураҳои ғаразнок қарор гирифта, баъдан бозичаи дасти онҳо шудаанд. Хоса, дар замони муосир надоштани дониш, умуман, дониши воқеии динӣ хосатан, боиси гумроҳ шудан ва дунёву охирати худро бохтани ҳазорҳо ҳазор ҷавон мегардад.                  Мо ҳамагон шоҳиди аз роҳи рост мунҳариф шудани садҳо ҷавон бо сабаби бесаводиву бемаърифатӣ ва надоштани дониши онҳо шудаем. Омили асосии ширкати ҷавонони тоҷик дар муҳорибаҳои хунин дар Сурия надоштани дониш мебошад, ки душманони Ислом онҳоро бо ваъдаи биҳишту шаҳид шудан гумроҳ намудаанд.

Ба андешаи мо роҳи асосии пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ташкилоти ифротгарову тундагро ба донишандӯзиву илмомӯзӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Зеро то он замоне, ки онҳо худ хондаву аз моҳияти он воқиф нашаванд, ҳидоят ёфтанашон душвор мебошад. Вазифаи мову шумо ин аст, ки дар босавод шудани ҷавонон саҳм гузошта, боиси растагориву наҷоти онҳо бошем, дигар нагузорем, ки эшон бозичаи дасти манфиатхоҳону исломситезон гарданд. Зеро онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва фарзандони  ин миллат ҳастанд. Набояд мову шумо нисбати сарнавишти ҳар яки ин гуна афрод бетараф бошем, чунки ин тоифа мисли аҷзои бемор ҳастанд, ки агар табобат насозем, метавонад ҷузъҳои солимро низ мубталои дард созад. Яъне, онҳо метавонанд дигаронро таъсир намуда, аз роҳи рост мунҳариф созанд.

Биомина САТТОРОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики
литсейи физикӣ – математикии
ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh