ДАСИСАБОЗИИ НАВИ ВАТАНГАДОЁН

Дар конфронси ташкилоти байналмилалии САҲА бо иштироки ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Варшаваи Полша баргузор шуд, намояндагони қариб 60 кишвар ширкат намуд. Ин чорабинии байналмилалии анъанавӣ буда, дар он масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо баррасӣ мешавад. Ба андешаи ман, ҳамчун як нафар шаҳрванди сарзамини Тоҷикистон, ҳар як шахс, агар худро фарзанди халқи тоҷик ҳисобад, пеш аз дар чунин чорабинии бонуфуз сухан рондан,  аввал андеша намояд, ки чӣ кор карда истодааст?!

Дар ҳақиқат, душмани Ватан, миллат, мазҳаб, виҷдон, падару модар надорад! Вай ба хоҷагони хориҷӣ фурӯхташуда аст.  Дар кишвари мо ин созмон ҳурмату эҳтиром дорад. Аҷоибаш ин аст, ки иштирокчиёни ин конференсияи байналхалқӣ намояндагони расмии ҳукуматҳои кишварҳои аъзои САҲА, ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ ва амсоли инҳо мебошанд ва табиист, ки мавқеи худашонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳифз мекунанд. Дар он иштирок намудани баъзе гурӯҳҳои ғайриқонунии вайронкор, аз ҷумлаи ТТЭ ҲНИ,  ки берун аз ҳудуди кишвар алҳол фаъолияти террористи доранд, як иштибоҳи САҲА буд. Яъне онҳое, ки пуштибони кофӣ дар Тоҷикистон надоранду аз тӯдаи мардуми ғаразхоҳ иборатанд, ба ин конференсия даъват гардиданд. Онҳо дар асоси кадом қонуни байналмилалӣ ба он даъват шуданд?

Аҳли кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров махсусан қайд менамоянд, ки кишвари мо ҳам аъзои комилҳуқуқии САҲА аст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикситон намояндагони расмӣ-Зариф Ализода, Абдулло Роҳнамо, Вафо Ниёзбекзода ва ҳам намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд ва ҳар кадоме доир ба воқеияти ҳол маълумот доданд ва мавқеи расмии Тоҷикистонро нисбати қазияҳои баррасишаванда изҳор карданд. Онҳо исбот карданд, ки кишвари мо соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ мебошад.

Дар асоси тартиботи дар конференсия байналхалии амалкунанда дар вақти муайян ба ҳар кадом намояндаи давлатҳо барои суханронӣ фурсат дода шуд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар расонаҳои хабарии ТТЭ ҲНИ ҷор мезананд, ки гӯиё онҳо ғолиб омадаанд. Пеш аз ҳама чунин наворҳо ва ё хабарҳо танҳо ба мақсади худашонро бузург нишон додан ва ба мардум фаҳмонидани он аст, ки гӯё онҳо қудратманданд. Ҳаргиз ин тавр нест! Ин  бӯҳтон ва дасисабозии нави ТТЭ ҳНИ аст.

Устодони кафедра ҳаъди ин баромадҳои гурӯҳҳои ифротӣ тасмим гирифтанд, ки дар дарсҳо ба донишҷӯён мақсаду ҳадафҳои нопоки ин ватанфурӯшонро   фаҳмонида медиҳанд.

Сафар Эркаев,

устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh